Ҳамасола ҳайати кормандони кафедраи рӯзноманигорӣ зери роҳбарии Сангимурод Шарифов – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷмуаи мақолаҳои илмӣ-назариявии устодон, муҳаққиқон ва магистрон чоп мешавад.
Маҷмуаи нави мақолаҳои устодону муҳаққиқон ва магистрон таҳти унвони “Пайки замон: масъалаҳои мубрами публитсистика, адабиёт ва забоншиносӣ” аз чоп баромад.
Дар маҷмуаи мазкур мақолаҳои илмию назариявии олимон, устодон ва муҳаққиқони соҳаҳои журналистикаву публитсистика ва адабиётшиносиву забоншиносии ватанӣ фароҳам омадааст.
Маҷмуа барои донишҷӯён, устодон ва пажӯҳишгарони соҳаҳои гуногуни эҷод пешбинӣ гардидааст.
Дар нигоштаҳои муаллифони ин маҷмуа, асосан масоили муҳимми публитсистика, адабиёти бадеӣ ва забоншиносӣ таҳлилу
баррасӣ гардидааст.
Муаллифон кӯшиш намудаанд, ки моҳияти масъалаҳоро дар асоси факту далелҳои бадастомада возеҳу равшан баён намуда, ба ин васила дар рушди донишу ҷаҳонбинии илмии ҷомеа таъсиргузор бошанд.
Нашри ин маҷмуаи мақолаҳо башорат аз бозёфтҳои илмӣ менамоянд.