Вазъи мураккабу печидаи сиёсии ҷомеаи муосир, шиддат гирифтани низоъҳои геополитикӣ, шомилшавии сокинон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, норасии маводи озуқаворӣ, афзоиши бемориҳои сироятӣ ва дигар мушкилоту таҳдидҳо тақозо менамояд, ки мо фаъолияти худро дар ҳамбастагӣ ба роҳ монда, барои пойдории Истиқлолу ваҳдати сартосарӣ саъйу талош намуда, дар ин ҷода саҳмгузор бошем. Чунин мушкилот аз ҳар кадоми мо ҳушёриву зиракии сиёсӣ, дарки амиқи ҳаводиси мухталиф ва омода будан дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ тақозо мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 ба чунин мушкилоти ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намуда, зикр карданд, ки: “Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем”.
Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам мисли дигар ҷумҳуриҳо Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Мутаассифона бо дахолати душманони дохилу хориҷӣ дар кишварамон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада, боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва иқтисодӣ гардид. Дар воқеъ, “Ҷанги шаҳрвандӣ, таназзули иқтисодӣ, танишҳои иҷтимоӣ ҳамаи ин мавҷудияти давлати ҷавонро зери хатар мегузошт. Дар ин давраи душвор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсӣ баромад ва масъулияти сарнавишти миллатро ба дӯш гирифт”.
Қайд намудан зарур аст, ки дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омада, дар такя ба хиради азалӣ ва мардуми тоҷик ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшиданд. Бо азму иродаи сиёсии ӯ, инчунин дастгирии мардум, созмонҳои байналмилалӣ дар бораи оштии миллӣ ноил шудан мумкин буд. Ин раванд намунаи беназири ҳалли сулҳомези низоъ гардид ва барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон замина гузошт.
Саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баргузории музокироти байнитоҷикон хеле муҳим аст. Вай худро ҳамчун дипломати моҳир нишон дод. Ӯ дар марҳилаи барои давлату миллат ниҳоят ҳассосу тақдирсоз амалан исбот намуд, ки ба хотири расидан ба ҳадафи умумии сулҳ ва суботи сиёсӣ дар кишвар созиш кунад ва қувваҳои гуногуни сиёсиро муттаҳид намояд.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мақому мартабаи ҷаҳонии давлати хешро баланд бардошта, фишангҳои стратегиро дар иқтисод, сиёсату фарҳанг таъмин карданд, балки дар шароити хеле ҳассос, мураккабу тақдирсоз тавонистанд хатари фанои давлат ва аз байн рафтани миллатро пешгирӣ намоянду пояҳои давлатдории миллиро устувору пойбарҷо гардонанд ва сарҷамъии миллатро таъмин созанд. Ҳамчунин ба ҷомеаи ҷаҳон роҳи дурустро пешниҳод карда, худ ҳамчун нерӯи муттаҳидгари халқ ва миллат дар атрофи идеяҳои ваҳдатофар ва ояндасоз тавонист нақши муассир гузорад”.
Пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи рушди фаъоли иҷтимоию иқтисодӣ оғоз шуд. Барномаҳои муҳимми стратегӣ, ки ба навсозии иқтисодиёт, рушди инфрасохтор, беҳтар кардани таҳсилот ва тандурустӣ равона карда шудаанд, қабул гардиданд.
Ба таҳкими давлатдорӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва мубориза бо мушкилоти мубрами ҷомеа диққати махсус дода мешуд. Дар ин марҳилаи давлатдорӣ ва давлатсозӣ яке аз самтҳои асосии рушди кишвар ҷалби сармоягузории хориҷӣ буд. Ба шарофати фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, Тоҷикистон тавонист барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз қабили сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки барои амнияти энергетикии кишвар ва минтақа аҳаммияти стратегӣ дорад, захираҳои молиявӣ ҷалб намояд.
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди муносибатҳои некҳамсоягӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои Осиёи Марказӣ хос мебошад. Тоҷикистон дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ фаъолона иштирок намуда, дар таъмини субот ва амният дар минтақа саҳм мегузорад. “Боз яке аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат дар баробари барқарорсозии сулҳу ваҳдат ин таҳкими равобити байналмилалӣ ва ҳамкориҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Шарқи Наздик, Амрико, Аврупо ва Африқо мебошад.
Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дӯстонаи дипломатӣ дорад, чунки самти асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои байналмилаӣ сиёсати “дарҳои боз” мебошад, ки он ҳамасола таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рушду такомул меёбад”. Бояд зикр намуд, ки ҳар як мамлакати соҳибистиқлолу озод сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ пеш мебарад, ки онҳо қисми таркибии равандҳои сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Дар воқеъ, сиёсати хориҷӣ сиёсати дохилиро идомаву рушд бахшида, интиқоли он ба муносибату робитаҳои дигар мамлакатҳо ба ҳисоб меравад.
Ба монанди сиёсати дохилӣ, сиёсати хориҷӣ бо шакли иқтисодии ҳукмрон, сохтори ҷамъиятӣ ва давлатӣ алоқаманд буда, онҳоро дар арсаи байналхалқӣ инъикос менамояд. Мақсади асосии сиёсати хориҷӣ дар чунин ҳолат аз таъмини шароити муфиди байналхалқӣ барои амалӣ намудани манфиатҳои миллии давлат иборат аст. Самти муҳимми сиёсати хориҷӣ мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида бо мақсади муқовимат ба ин таҳдидҳое, ки барои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ доранд, фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Пешвои муаззами миллат зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» қайд намуда буданд, ки: «Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нигоҳ доштани субот ва амният дар Осиёи Марказӣ нақши назаррас дорад. Кӯшишҳои ӯ ба таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ равона карда шудаанд. Вай ҷонибдори ҳалли осоиштаи низоъҳо ва эҷоди эътимод байни давлатҳо мебошад. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти марзҳо бо Афғонистон бо андешидани чораҳо ҷиҳати муқовимат ба воридшавии гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир нақши муҳим дорад. “Хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидааст. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки чунин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои басо арзишмандаш дар ҳусни ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу субот ва таҳкими дӯстии миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони олии давлатии «Қаҳрамони миллии Афғонистон-Аҳмадшоҳ Масъуд» низ сарфароз гаштааст. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи хотираи таърихӣ, рушди фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллӣ диққати махсус медиҳад.
Таҳти роҳбарии Президенти фарҳангпарварамон барои эҳёи мероси таърихии халқи тоҷик, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ кӯшишҳои назаррас ба харҷ дода шуданд. Барои мисол, ҷашнҳои 2700 солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, 5500 солагии Саразам ва дигар санаҳои таърихӣ, ки ба маъруфияти таъриху фарҳанги ғании Тоҷикистон дар ҷаҳон мусоидат кардаанд, аҳаммияти хосса дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ аз 28-уми декабри соли 2024 вобаста ба ин масъала таъкид намуданд, ки: «То имрӯз мо Китобхонаи миллӣ сохтем, шабакаҳои махсуси телевизионӣ ташкил намудем, беш аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру азнавсозӣ кардем, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсис додем ва бисёр корҳои дигарро ба анҷом расонидем.
Ман ин корҳоро барои он гуфта истодаам, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ибрат гиранд ва андеша кунанд. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққати онҳо қарор дошта бошанд. Зеро фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зимни омода сохтан ва амалӣ кардани стратегияи фарогир ва санҷидашудаи сиёсати хориҷии даврони Истиқлол ва дар солҳои охир бо таваҷҷуҳ ба ин тамоюлу равандҳо ва махсусиятҳои дигари ҷаҳони зудтағйирёбанда ба таври пайгирона ҷиҳати таъмини сазовори манфиатҳои стратегии Ватан ва халқи он дар доираи сиёсати «Дарҳои боз» саъю кӯшиш мекунад.
Маҳз ба шарофати сиёсати муваффақ ва самарабахши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон, ба иродаи қавӣ ва мардонагӣ, ҷаҳдҳои пайгиронаи Сарвари давлат дар роҳи амнияту рушди Ватан, посдории таърихи бостонии халқи тоҷик, иқдому ташаббусҳои созанда ва неки он бо назари хайрхоҳона ва эътимод менигарад. Бинобар ин ҳам Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз минтақаи ноором ба мақарри баргузории тадобири минтақавї ва байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои ба рушди иқтисодии минтақа равонашударо фаъолона пешбарӣ намуда, дарк менамояд, ки суботи сиёсӣ бидуни рушди устувор ва беҳбуди зиндагии мардум ғайриимкон аст.
Вай ҷонибдори татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз қабили сохтмони роҳҳо, иншооти энергетикӣ ва гузаргоҳҳои нақлиётӣ мебошад. Ҳамаи ин ташаббусҳо имкон медиҳанд, ки ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба амал бароварда шавад. Иштироки Сарвари давлат дар форумҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ имкон медиҳад, ки сармоягузории мустақими хориҷӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги глобалӣ ҷалб карда шавад ва робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо густариш ёбад.
Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои эътирофшуда дар соҳаи дипломатияи обу иқлим мебошад. Пешвои миллат фаъолона идеяи истифодаи одилона ва оқилонаи захираҳои обро дар Осиёи Марказӣ пеш бурда, ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои байни кишварҳои минтақа дар ин самт мебошад. Ташаббусҳои Сарвари давлатамон, ки ба ҳалли мушкилоти обу иқлим равона карда шудаанд, аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дастгирии васеъ пайдо кардаанд. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд намуда буданд, ки: “Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.
Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем”. Тоҷикистон ташаббускори баргузории даҳсолаи Байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 мебошад, ки ба сафарбар кардани талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти глобалии об равона шудааст. Татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи «Об барои рушди устувор» барои Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷа мебошад.
Кишвари мо дар форумҳо ва конфронсҳои байналмилалие, ки ба масъалаҳои об бахшида шудаанд, фаъолона иштирок намуда, ташаббусҳои мушаххасеро пешниҳод мекунад, ки ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об равона карда шудаанд. Қадами муҳим дар ин самт баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Душанбе буд, ки намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва олимонро аз тамоми ҷаҳон ҷамъ овард.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилоти глобалии обшавии пиряхҳо ташаббуси ҷасуронаеро пешниҳод намуд. Ин ташаббус, ки эътирофи байналмилалӣ ба даст овардааст, ба аҳаммияти муҳимми ҳифзи захираи пиряхҳо барои рушди устувор ва амнияти экологӣ равона шудааст. Дар заминаи тағйирёбии шадиди иқлим, вақте ки пиряхҳо дар саросари ҷаҳон бо суръати бесобиқа об мешаванд, ташаббуси Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъвати саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.
Ташаббуси мазкур доираи васеи самтҳоро дар бар мегирад, аз ҷумла таҳқиқоти илмӣ, мониторинги пиряхҳо, таҳияи стратегияҳо барои мутобиқсозӣ ва коҳиш додани таъсири обшавии пиряхҳо ва баланд бардоштани огоҳии мардум дар бораи аҳамияти ҳифзи ин захираҳои ҳаётан муҳим. Вай зарурати ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаро барои ҳалли самараноки ин мушкилоти мураккаб тақозо мекунад. Яке аз унсурҳои асосии ин ташаббус таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Ин фонд барои сафарбар кардани захираҳои молиявӣ барои дастгирии лоиҳаҳое, ки ба мониторинги ҳолати пиряхҳо, омӯзиши равандҳои обшавии онҳо, таҳияи технологияҳо барои истифодаи оқилонаи захираҳои об, ки дар натиҷаи обшавии пиряхҳо ба вуҷуд омадаанд ва инчунин барои татбиқи тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйироте, ки аз обшавии пиряхҳо ба вуҷуд омадаанд, пешбинӣ шудааст. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иброз доштанд, ки: «Мақсади асосии мо ҳифзи ин захираҳои ҳаётан муҳим тавассути талошҳои муассири муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манфиати наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Ҳар зарраи талафшудаи пиряхҳо боиси афзоиши хатарҳо барои ояндаи инсоният мегардад.
Бинобар ин, биёед ҳар лаҳзаро ғанимат дониста, ҷиҳати ҳифзи ганҷи бебаҳои табиат – пиряхҳо, барои таъмини ояндаи дурахшони инсоният саҳмгузор бошем!». Фаъолияти пурсамару гуногунсамти, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди Тоҷикистон ва минтақа аҳаммияти бузург дорад. Сарвари давлатамон тавонист кишварро аз бӯҳрони сиёсӣ берун орад, сулҳу суботро таъмин кунад, барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ шароит фароҳам орад ва давлатдориро тақвият диҳад. Саҳми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими амният ва ҳамкории минтақавӣ хеле зиёд мебошад. Бахусус, ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо дар ҳалли проблемаҳои муҳимтарини минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, барои рушди минбаъдаи кишварҳои минтақа заминаи босазо фароҳам овардааст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд кардаанд, ки: “Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд. Гузашта аз ин, ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад. Бо дарназардошти ин омилҳо, моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем. Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд”.
Таҷрибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон ҳамчун давлати шукуфо ва устувор, ки дар минтақа ва ҷаҳон нақши муҳим дорад, заминаи устувор мегузорад. Ҳадафҳои сиёсӣ ва ташаббусҳои стратегии Сарвари давлатамон минбаъд низ рушди ояндаи кишварро муайян мекунанд ва ба таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд. Аз ин рӯ, мо бояд пайравони асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем ва шоҳкориҳои сиёсиеро, ки Президенти муҳтарами мо анҷом додаанд, ҳифз намуда, ба хотири фардои дурахшони кишвар ба наслҳои оянда омӯзонем.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
