Имрӯз 17-уми июни соли 2025 ҷаласаи ҷамъбастии кории назди ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат баррасӣ гардид.
Тибқи ҷаласаи рӯзномаи маҷлис гузориши Аминов Раҳматулло, мудири кафедраи фаъолияти гумрук оид ба ҳолати феълии таълиму тарбия ва низому тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар маркази таҳсилоти фосилавии донишгоҳ шунида шуд.
Дар идомаи баррасии масъалаҳо ҳисоботҳои сардори маркази тестӣ ва сардори раёсати таҳсилот низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Инчунин, муҳокима ва баррасии фаъолияти феълии рӯзномаву маҷалла ва дигар воситаҳои ахбори омма дар донишгоҳ баррасӣ гардид.
Дар ин баробар иҷрои қарорҳои раёсат дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 ахбори котиби раёсат Қурбонов Файзалӣ шунида шуд.
Дар охир, ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба аъзои ректорат ҷиҳати иҷрои ҳамаҷонибаи масъалаҳо дастуру супоришҳо доданд.



