Аз рӯйи шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сафар ба Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Алишери Навоӣ тарҳрезӣ шуд.
Соли гузашта ҳайати 16-нафараи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Алишери Навоӣ меҳмони Хатлон шуда буданд. Дар доираи мубодилаи таҷрибаи педагогиву илмии ду донишгоҳ иштирок ба дарсҳо, шиносоӣ бо фаъолияти факултетҳои филологияи тоҷик, забони хориҷӣ ва забони русӣ, саёҳат дар шаҳри Бохтар ва тамошои мавзеи Зағертут, меҳмондории тоҷикӣ, таассуроти хотирмон рамзи мустаҳкам шудани робитаҳои дӯстиву ҳамкориҳои на танҳо ду муассисаи таҳсилоти олӣ, балки эҳёи ҳамбастагиҳои қадимаи ду халқи ҳамсояву дӯст – тоҷикону ӯзбеконро нишон медод.
Сафари ҳайати устодони донишгоҳамон –муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Ҳ. Сафарбекзода, профессор А. Сатторов ва дотсент С. Шарипов ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ва Донишгоҳи давлатии Бухоро дар оғози соли таҳсил раҳкушоӣ ба мубодилаи таҷрибаи олимони ду кишвар буд.
