– зери ин унвон дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар доир шуд.
Дар мизи мудаввар Мирзоев Ғолибшо, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик дар мавзуи «Нақши ваҳдати милли дар таърихи навини тоҷикон», Баротов Маҳмашариф, муовини декан оид ба илм дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳофарӣ», Садрриддини Айнидин, мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ дар мавзуи – «Ваҳдати миллӣ мароми мост» ва Бобоҷон Муҳаммадзода баромад намуданд.

