Дар он замон, ки зи ошуби боди ҳарҷоӣ
Маҳу ситора фуру рафту сахт тӯфон шуд.
Бибаст дидаи хеш офтоби оламтоб
Фазо сиёҳ, замин низ торикистон шуд.
Вабо, гуруснагию ҷаҳлу ноҷавонмардӣ,
Зи зиндагонии душвор мурдан осон шуд.
Биканд дасти қазо дафтари саодати мо,
Варақ-варақ ба ҳама гӯшаҳо парешон шуд…
Вале гузашт, бале, он замони наҳс гузашт,
Маҳу ситораву хуршед партавафшон шуд.
Ватан, ки Суғду Бадахшону Рашту Хатлон буд,
Ба илтифоти Худованд Тоҷикистон шуд.
Чу рамзи тоҷик байни сарони давлатҳо
Сари баланди худододае намоён шуд.
Фидои қомати болои миллати тоҷик,
Ки айни қомати Эмомалии Раҳмон шуд.
Аҳмадов Сафармад, мудири кафедраи адабиёти ДДБ ба номи Носири Хусрав