Сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот – вожаҳои муқаддас ва пурарзишанд, ки аз ҳамдилӣ, иттиҳод ва якпорчагии миллат шаҳодат медиҳанд. Ин мафҳумҳо дар таҷрибаи таърихии давлати муосири тоҷикон на танҳо орзуву ормон, балки ҳақиқати амалие гардиданд, ки пояи рушди устувори ҷомеа ва давлати миллӣ қарор гирифтанд. Ваҳдати миллӣ, ҳамчун неъмати бебаҳо ва дастоварди таърихӣ, бар афкори худшиносии миллӣ такя дорад ва дар пойдории давлатдории тоҷикон нақши калидӣ мебозад.
Ваҳдати миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон маҳсуб ёфта ин мафҳум на танҳо рамзи иттиҳод ва якпорчагии мардуми тоҷик аст, балки асоси амният, сулҳу субот ва рушди иқтисодиву фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад.
Миллати тоҷик бо таърихи куҳан ва фарҳанги баланд, ки ҳазорсолаҳо шакл гирифтааст, дар давраҳои мухталифи таърихӣ дучори мушкилотҳои зиёде шудааст. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин душвориҳо ваҳдати миллӣ неруи бузурге барои устувории миллат ва давлат мебошад.
Аз қаъри таърих то имрӯз тоҷикон бо таърихи қадим ва фарҳанги пурғановати хеш ҳамчун як маркази муҳими фарҳангии Осиёи Марказӣ шинохта шудааст. Тоҷикон солҳои тӯлонӣ барои ҳифз ва нигаҳдории забон, фарҳанг ва ҳувияти миллии хеш ҳамеша талош доштанд ва доранд.
Ваҳдати миллӣ ба саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави пешрафт ва ташаккулёбии давлатдории тоҷикон ворид гардид. Ин ҷашни фархунда дар ҷомеаи мо тимсоли сулҳу субот, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва осоиштагӣ ба ҳисоб рафта, боиси рушди иқтисоди кишвар ва масъулияти дастаҷамъона барои зиндагии дурахшони ҳозираву оянда дар Тоҷикистон аст. Агар мо ба фарҳанг нигарем мебинем, ки вожаи «Ваҳдат» дар он ҷо ба маънои ягонагӣ омадааст. Аз ин рӯ мо шаҳрвандон пеш аз ҳама бояд якдилу яктан ва якҷо бошем. Ваҳдат ва ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, рафоқат, интизоми хуб, ҳамбастагӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ иборат буда, арзиши олӣ доштани ҳаёт ва худи инсонро ифода мекунад.
Бояд зикр кард, ки аз замони ба сари қудрат омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи тозаистиқлоли тоҷикон шинохти арзишҳои умумимиллии таърихиву фарҳангӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, нангу номуси ватандорӣ густариш ёфт ва дар солҳои минбаъда шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва илмии сарзамини куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикон бо ҷашнҳои пуршукӯҳ таҷлил гардида осори гаронбори онҳо мавриди тадқиқу таҳқиқ қарор гирифт.
Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро басатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки чунин роҳбари сулҳофару сулҳпарвар, сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда дорем. Сулҳ ва дӯстии мо дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад, сабру таҳаммул ва боҳикматии гузаштагонамон ва умуман миллати тоҷик мебошад. Маҳз, имрӯзҳо таҷрибаи сулҳпарварию сулҳофарии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми ҷаҳониён намунаи ибрат гардидааст.
Дар хотима мехоҳам зикр намоям, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо хотираи ҷангҳо ва дастовардҳои гузашта, балки тасдиқи талошҳои дастаҷамъонаи сокинони кишвари азизамон барои бунёди миллати осоишта ва ягона мебошад. Он шаҳодати рӯҳияи тағйирнопазири ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ мебошад, ки Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи дурахшон муайян мекунад. Мо ҳамеша аз сулҳу Ваҳдати миллӣ ифтихор карда, тамоми кӯшиши худро бар он равона мекунем, ки сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамеша поянда бошад! Мо насли ҷавон, пайравони асили Пешвои миллати сулҳофару сулҳпарварамон ҳастем. Бояд аз чунин Ватани ободу зебо шукргузор бошем, ки дар фазои сулҳаш ба воя расида истодаем. Поянда бод Истиқлоли миллӣ ва ваҳдати оламшумули миллат!
Давлатбекзода Вайсиддин,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав