Имрӯз Тоҷикистонро чун давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мешиносанд. Ҳамаи ин дастовардҳои таърихӣ бо номи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ доранд.
Дар даврони раҳбарии ӯ, Тоҷикистон аз вартаи буҳрон, ҷанги шаҳрвандӣ ва бесуботӣ ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид гардид. Яке аз дастовардҳои муҳим — барқарор ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди давлатдории муосир, амнияти дохилӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.
Дар самти сиёсати дохилӣ, Пешвои миллат таваҷҷуҳи аввалиндараҷаро ба соҳаҳои калидӣ – маориф, тандурустӣ, иҷтимоиёт, кишоварзӣ ва саноат зоҳир намуда, барномаҳои зиёди давлатӣ ва ислоҳоти воқеиро амалӣ намуданд. Бо роҳандозии ин ислоҳот ҳазорон муассисаи таълимӣ ва тиббӣ бунёд шуда, сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
Дар арсаи сиёсати хориҷӣ бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоии Пешвои миллат сиёсати “дарҳои боз” ва ҳамкории созандаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон пеш мебарад. Тоҷикистон имрӯз узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, СААД, СҲШ ва дигар ташкилотҳои минтақавӣ мебошад.
Иқдомҳои байналмилалии Пешвои миллат дар масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои об, аз ҷумла пешниҳодҳои Соли байналмилалии об, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Тоҷикистони моро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва масъулиятшинос муаррифӣ намудааст.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба устувории давлатдорӣ, муаррифии шоистаи кишвар дар ҷаҳон ва таъмини зиндагии арзандаи мардум нигаронида шудааст.
Ҳидоят ва тадбирҳои дурандешонаи Пешвои миллат омили асосии рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз мебошад.
Зувайдуллозода Ганҷина Холмурод,
мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДДБ