Мо- тоҷикон санаҳои гуногунеро дар таърихи навини давлатдории худ таҷлил мекунам ва яке аз чунин санаҳо санаи ба имзо расидани сулҳ дар байни намояндагони давлат ва мухолифини вақти давлат мебошад, ки дар санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба вуқӯъ пайваст.
Пас аз ҷанги таҳмилӣ ва давраҳои зиёди музокирот дар байни намояндагони давлат ва мухолифини вақт дар санаи 22 июни соли 1997 созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид. Ин созишнома оғози ба ҳам омадани тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон ва шурӯи ободкориҳо буд. Дар ин муддати барои таърих на он қадар тӯлонӣ мо тавонистем ба дастовардҳои хеле назаррасе ноил шавем. Тоҷикистонро бештар аз 190 кишвари дунё ба расмият шинохтанд.
Бо ақди созишномаи сулҳ тоҷикон тасбит намуданд, ки миллати ҷангҷӯ нестанд, балки сулҳхоҳу сулҳпарвар мебошанд. Ҷаҳониён дар тааҷҷуб монданд, ки чи тавре мо тоҷикон тавонистем сарфи назар аз мушкилоти зиёде ба сулҳ бирасем. Охир хелеҳо ба сулҳу ваҳдат дар байни тоҷикон боварӣ надоштанд.
Аммо хиради азалӣ дастболо шуд, равшанӣ бар торикӣ пирӯз шуд ва мо тоҷикон ба сулҳ расидем, ки дар ин амр нақши фарзонафарзанди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳамто мебошад.
Аз ин рӯ, мо ҳар сол ин санаи таърихиро бо шукуҳу шаҳомати хеле калон таҷлил мекунем ва гузаштаро ба ёд оварда ба ҷавононе, ки он рӯзҳои тираю торро надидаанд, таъкид мекунем, ки ин дастовардро мисли гавҳаркаи чашм нигоҳ доранд ва ба қадри ин меваи шаҳдбор, яъне сулҳу субот бирасанд ва нагузоранд, ки нохалафе осмони софу беғубори моро тираю тор созад.
Қурбон Гулов