Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд,решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро азон,
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.
Имсол мардуми шарафманд ва тамаддунофари тоҷик дар як фазои оромӣ ва сулҳу субот ду ҷашни пӯрифтихори аз лиҳози таърихи бузург,яке солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре 28-солагии Созишномаи истиқрори сӯлҳ ва ризояти миллиро бо тантана ҷашн мегиранд.
Қабули ин ду санаи басо муҳим дар таҳкими эъмори давлатлориву истиқлолияти миллӣ,пойдории сӯлҳу субот дар Ватани маҳбубамон нақши ҳалкунанда бозидаанд.Агар гӯем,ки халқи тоҷик бо қабули ин ду санаи муҳими муқаддаси давлат ва бо кӯшишу талошҳои софдилонаи фарзанди баруманди муаззами миллаташ,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арсаи ҷаҳони ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва комилҳуқуқу демократи шинохта шуд, иштибоҳ нахоҳем кард.Маҳз мо тавонистем баъд аз қабули ин ду санади таърихи дар давоми начандон тӯлони ба ҷанги шаҳрванди хотима бахшида ба натиҷаҳои бемислу ногӯсастани аз қабили барпо намудани сӯлҳу ваҳдати ором дар ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ, додугирифти Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои ҷаҳон, шароитҳои хубро муҳайё намудан барои зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат,таъмини шароити зингдагии арзанда ва инкишофи озодонаи халқ ноил гардем.
Кӯшишу талошҳои доимӣ ва пайгиронгаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд,ки 27-июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар шаҳри Масква бо иштироки намояндагони як қатор кишварҳо ба имзо расид,ки он роҳи сулҳи бебозгаштро дар кишвари азизамон Тоҷикистон муаян намуд.Ба ҳамагон маълумаст,ки ин тинҷиву оромӣ,осудаҳолии мардуми кишвар,сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ халқи тоҷик ба осонӣ, беталафоти фарзандони бо нангу номус,вафодору содиқаш ба даст наомадааст, барои бадаст овардани ин сулҳи деринтизор Тоҷикистон роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби мислаш дар таърих ангушт шуморо тай намуд.
Бояд қайд кард, ки волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ мебошад.Истиқлолият ба даст овардани тоҷикон ин падидаест нодир дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ,ки дар тамоми дунё мавриди омӯзишу истифода қарор гирифтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони дар тули 33 – соли Истиқлолияти давлатдории худ, бо кушишу талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо матонату матиниродагии мардуми сарбаланди кишвар ободу зебо гардида, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо намуда, ба як қатор дастовардҳои бузурги сатҳи ҷаҳони ноил гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2-юми марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони миллали муттаҳид гардида, то ба ҳол зиёда ба 150 мамлакати дунё шартномаи дутарафа ва равобити дипломотию дӯстӣ дошта дар арсаи ҷаҳони сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром ва тарафдори менамояд.
Дастовардҳои кишварамон дар зарфи 33 соли Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд. Вале номбар кардани шумораи маҳдуди онҳо ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо аз аҳли Оли Сомон онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ низ дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик чун таърихи аҳди Сомониён бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.
Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат,бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳар идеалу ормонҳои таърихӣ,шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Албата,раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза,асосан,аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ,кандани нақбҳо ва бунёди иншооти вобастагии аниқ дорад.
Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратеии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистонро, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ,ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар мебошад. Бо сохтани неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо,шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шудаанд. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохташудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон –манбаи омӯзиши сулҳхоҳонаи ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди соҳибдилу сулҳпарвари тоҷик мануб меёбад. Ҳар яки мо вазифадорем,ки насли наврас ва ҷавононро дар руҳияи худшиносӣ, ваҳдатофарӣ, садоқат ба ватан тарбия намоем. То инки ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва соҳибистиқлолии давлатамонро доими таъмин намуда, барои расидан ба ҳадафҳои олии мамлакат ва пайваста дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат содиқона камари ҳимат баста, дар ободониву шукуфоии ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Наргис Нурализода,
муовини ректор оид ба тарбия