Шукргузор аз он ҳастем, ки ҳоло дар кишвар сулҳу суботи сартосарӣ ҳукмфармо буда, сокинон бо азму иродаи қавӣ дар соҳаҳои гуногун фаъолияти пурсамар доранд.
Дар барномаи «Соҳибватан», ки таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ» омода шудааст, атрофи аҳаммияти қабули Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сухан хоҳем гуфт.
«Бо гузашти солҳо, мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавишсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем, зеро маҳз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризояти ҷомеа мо пеш аз ҳама тавонистем истиқлолоият ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ нигоҳ дорем».
Тоҷикистон хонадони ҷовидони Ваҳдат аст,
Мардумаш дасти ба даст чун ҳофизони Ваҳдат аст.
Маскани меҳру вафою маскани сулҳу сафо,
Ин диёри нозанини ман ҷаҳони Ваҳдат аст.
Дар воқеъ, қабули Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ батаҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва рушду густариши тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ замина гузошт. Ба ҳамагон маълум аст, ки баъд аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ чун дигар кишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истиқлолияти худро эълон намуд.
Мутаасифона, бо таъсиру дахолати душманони дохил ва хориҷи миллат дар кишварамон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуқуъ омада, ба заиф гардидани пояҳои давлатдорӣ боис шуд. Тамоми соҳаҳо рӯ батанназул ниҳода, дубора умеди барқарор кардани онҳо намонда буд. Хушбахтона, дарҳамин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба сари миллату давлати тоҷикон фарзанди худшиносу худогоҳ, далеру қавиирода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омада кори худро аз таъмини сулҳу суботи сартосарӣ оғоз бахшид.
Миллати тоҷик, ки аз азал миллати сулҳҷӯю хирадпеша ва ваҳдатгарост зуд моҳияти Ваҳдати миллиро дарк намуда, даст ба дасти ҳам ниҳода, барои бунёди ҷомеаи соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва ягона тамоми неруву қудрати худро сарф намуд. Дар як муддати начандондури таърих тамоми харобаҳо ба бунёдкориҳо табдил ёфта, зиндагӣ маҷрои нав пайдо кард.
Ватан аз ваҳдатат пайваста нозам,
Дар оғушат ҳамеша сарфарозам.
Зи ҳастият тафохур мекунам ман,
Ки чун модар ту ҳастӣ дилнавозам.
Қайд намудан зарур аст, ки Ваҳдати миллӣ воқеаи нодиру таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллату давлати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ваҳдати миллӣ роҳи минбаъдаи рушдро барои мо муҳайё намуд. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намудаанд, ки: «Мо соҳибдавлату соҳибватан будани худро бокору амали созандаю ваҳдатофариамон бояд собит намоем». Шоирону эҷодкорон аз ваҳдати сартосарӣ ифтихор намуда, иннеъмати пурарзишро чунин васфқ ситоиш менамоянд.
Ҷойи ифтихор аст, ки ватани маҳбубамон бо гузашти вақту замон ва талошҳои пайгиронаи фарзандони ҷасуру матин иродаи хеш боз ҳам ободу зебо гардида истодааст.
Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун василаи муттаҳид созандаи миллат дар кишварамон пазируфта шуда, ба таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии озоду демократӣ замина гузошт. Маҳз ботуфайли суботи сартосарӣ сатҳу неку аҳволии зиндагии сокинон зина ба зина беҳтаргардида, тамоми бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ ба таври бесобиқа рушду густариш ёфтанд.
Азимов Нусратулло,
корманди назрати шуъбаи сифати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав
