Таърих ҳар амали шоистаро дар саҳифаҳои заррини худ сабт менамояд, то насли баъдӣ аз хондани он сабақ гирад. Корномае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом додааст, дар таърих камназир аст.
Воқеан, Пешвое, ки дирӯз сафинаи миллатро аз тўфони нобудӣ ба соҳили амн баровард, имрўз ба ваҳдату ҳамбастагии тоҷик ва бо сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи худ барои ин сарзамин садди мустаҳкаме сохт, ки рахнанопазир аст.
Бояд иқрор шуд, ки сарчашмаи ба ваҳдат гаравидани мардуми тоҷик дар замони ҷанги ҳамватанӣ суханони пурихлос ва содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боис гардид. Ифодаи «Ваҳдати миллӣ» чун аз забони Сарвари давлат шунида шуд, намояндагони мардум ва тамоми халқи Тоҷикистон ин мафҳумро дар дилу дида ва мағзу устухони худ ҷой доданд. Бешубҳа, ин сухани муқаддас тамоми хурду бузурги кишварро ба далериву шуҷоат, мардонагӣ, эҳсоси баланди Ватану ватандорӣ ҳидоят карда, фаҳму тафаккури миллионҳо ҳамватанонро ба мафҳуми ватанпарастӣ ва ваҳдати миллӣ пайванд кард.
“Ман ба Шумо Сулҳ меорам” – ин сухан ибтидои ваҳдатофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар натиҷаи талошҳои мардона дар лаҳзаҳои мушкил ва хатарнок амалӣ гардид.
Сипас, ў маҳбуби ҳамагон шуд. Мардум ўро «Фарзанди фарзонаи миллат», «Президенти мардумӣ», «Ятимпарвар» ва билохира «Пешвои миллат» хонданд. На ҳар миллат нисбат ба сарвари хеш чунин меҳрубон аст.
Хизматҳои ин марди шариф дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ беназир аст. Ў ҷанги хонумонсўзро хомўш кард ва дар дили мардум ҳамчун Президенти сулҳпарвар, адолатҷў, хирадманд ва ваҳдатофар ҷой гирифт.
Ҷойи ифтихор ва сарфарозист, ки имрўз ҷомеаи инсонӣ, бахусус сиёсатшиносони ҷаҳон, барои татбиқи таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар кишварҳои ҷангзада паҳлуҳои гуногуни онро меомўзанд ва барои амалӣ намудани сулҳу ризоияти миллӣ ҷаҳду талош меварзанд. Ногуфта намонад, ки раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳу оштӣ нуфузу манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бурд ва ҷойгоҳи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро дар пешниҳод ва ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли масъалаи зиёди ҳаётан муҳими минтақавиву байналмилалӣ таҳким бахшид.
Имрўз, ки дар остонаи таҷлили Рўзи ваҳдат қарор дорем, аз он шукргузорем, ки ваҳдат истиқлолияти моро ҳифз ва якпорчагии ватанамонро таъмин намуд, халқи парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам овард, шуури миллии моро ташаккул дод, иттиҳоду якдигарфаҳмиамонро қавӣ намуд, осоишу некуаҳволии халқро таъмин кард, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошт.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки калонтарин муассисаи илмиву таълимӣ воқеъ дар маркази вилояти Хатлон мебошад, маҳз бо пойдор гардидани Ваҳдати миллӣ ба татбиқи нақшаҳои бузурги бунёдкорӣ ва созандагӣ дар соҳаи маориф ноил гардид. Махсусан дар сиёсати давлатӣ самти арзишманду афзалиятнок эълон шудани соҳаи маориф, ки қиммати баланди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маърифативу фарҳангӣ дорад, ба ҳайати устодону профессорони донишгоҳ бе асар намонд. Густариши таҳсилоти босифат, ҳамгироии низоми ягонаи ҷаҳонии таҳсилот, таъмини эҳтиёҷоти инсон ба донишу ҳунар ва маълумот омили муҳимми пешрафти кори онҳо гардид.
Маҳз Ваҳдати миллӣ ҳисси масъулиятшиносӣ ва боварӣ ба сиёсати созандаи Президенти кишвар ба устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав имконият дод, ки дар як муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои баланди илмию таълимӣ дастрасӣ пайдо карда, дар татбиқу амалисозии сиёсати ваҳдатгароёнаи Сарвари мамлакат саҳми арзандае гузоранд.
Барои пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ дар кишварамон лозим меояд шахсиятҳоеро тарбия намоем, ки дорои тафаккури нав буда, худогоҳ, мустақил, масъулиятшинос, ватандӯст, эҷодкор ва бунёдкору созанда бошанд. Барои ин баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия ва дар руҳияи ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани насли наврас хеле муҳим аст. Зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи волои маърифати созандагӣ, пойдории сулҳу амнияти сарзамин, хизмати содиқона ба халқу Ватан тарбия намоем. Онҳоро ҳамчун такягоҳи боэътимод ва ояндаи миллати фарҳангиву тамаддунсози кишвар ба ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиамон сафарбар намоем.
Итминони комил дорем, ки Шумо ҳамчун фидокори роҳи ваҳдат дар таъмини пешрафту созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, дар фароҳам сохтани зиндагии осоиштаву пурнишот, бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва ҳифзи сарватҳои волои миллат саҳми арзандаи хешро мегузоред.
Рўзи Ваҳдати миллӣ муборак!