Арзишмандтарин дастовард дар охири асри гузашта, барои миллати сарбаланди тоҷик, ин ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва барқарор кардани асосҳои сохти конститутсионӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ барои мо мардуми кишвар пеш аз ҳама тинҷию оромӣ, ваҳдати сартосарӣ, муттаҳидӣ ва сарҷамъию ягонагиро таъмин намуда, шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро барои мардуми кишварамон фароҳам овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, кӣ: «Мо қудрати ваҳдати миллӣ, самараи иттиҳоди мардуми нексиришти тоҷикро дар ин рӯзҳои сахт воқеан эҳсос намудем ва шукрона аз даврони истиқлолият менамоем, ки он ба халқи шарафманди тоҷик нерӯву тавон, сабру таҳаммул ва ҳиммати ҷавонмардона ато кардааст, ки дар лаҳзаҳои душвору мураккаб боз ҳам муттаҳидтар шуда, даст ба дасти ҳамдигар медиҳанд ва барои суботи устувор ва оромии ватанамон софдилонаву аҳлона заҳмат мекашанд. Ман бо бузургиву тавоноӣ ва ҳиммати халқи азизам ифтихор менамоям ва ба ҳамаи онҳое, ки дар чунин амалҳои хайр дасти саховат кушода, ба зарардидагон мадад мерасонанд, изҳори сипос менамоям».
Имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури мил¬лии мо пайваста такомул ёфта, назария ва ама¬лияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.
Гуфтан мумкин аст, ки бо шарофти истиқлолият ва ваҳдати миллӣ тамоми рушду соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа аз ҷумла рушди соҳаи маоирф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф ёфта, аз рузҳои аввали соҳиистиқлоли зери таваҷҷуҳи ҳукумати кишварамон қарор дорад.
Дар ҳақиқат соҳаи маорифи кишварамон дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асоси дошта, ғамхорию дастгирӣ нисбат ба соҳа ва аҳли зиё яке аз масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Бо мақсади беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони ҷавобгу ба талаботи замони муосир, рушди илму инноватсия, ихтирооти олимону муҳаққиқони тоҷик дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Масъалаи тарбияи дӯрусти насли ҷавон, худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсту яке аз бахшҳои меҳварии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамонро дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар бахшида ба Рӯзи дониш ташкил медод.
Дар ҳақиқат дар замони муосир ва авҷгирии хатарҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳ тарбияи дӯрусти наврасону ҷавонон дар ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Тавре, иброз гардид: «Имрӯз бо дарназардошти тағйирёбии фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон ва бедор намудану тақвият бахшидани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандорӣ дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон ва ҷавонон зарурати ворид намудани тағйирот ба консепсияи мазкур ва мукаммал намудани он ба миён омадааст.
Бо дарназардошти ҳолатҳои баёнгардида, зарур аст, ки ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон, тарғибу ташвиқи фаъолона ва густурдаи тарзи ҳаёти солим, тарбияи инсондӯстиву ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба варзиш, дар навбати аввал аз ҷониби падару модарон, яъне дар муҳити оила ба тарбияи фарзандон эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода шавад.»
Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд.
Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд.
Аз ин рӯ, ҳифзи озодию Истиқлолият ва манфиатҳои миллию давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпараст ва худшиносу худогоҳӣ ин сарзамин мебошад.
Имрӯз ҳар як соҳибватанро мебояд, ки дар пос доштани музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, тинҷию оромӣ ва ободониву созандагии диёр саҳми арзандаи хешро гузорад.
Набизода Эмомалӣ,
Набизода Эмомалӣ,
мудири шуъбаи тарбияи ДДБ ба номи Носири Хусрав