Имрӯз, 28-уми июни соли 2025 муҳокимаи рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шоҳзода Гулнора Амриддин дар мавзуи “Вижагиҳои луғавию маъноии забони ашъори Шамсиддин Шоҳин”, ки таҳти роҳбарии профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сулаймон Анварӣ омода шудааст, муҳокима гардид.
Ҳангоми баромад унвонҷӯ Шоҳзода Гулнора Амриддин қай намуданд, ки пажӯҳиши илмии вижагиҳои таркиби луғавии забони ашъори Шамсиддин Шоҳин дар забоншиносии тоҷик, хусусан дар бахши луғатшиносии он, бори нахуст мавриди омӯзишу баррасӣ қарор мегирад. Ашъори устод Шамсиддин Шоҳин бо ғановати таркиби луғавӣ, бо дар бар доштани унсурҳои забони халқ, бо тарзи баёни сода дар таърихи забони тоҷикӣ, бахусус дар байни осори адибони охири асри 19 ва ибтидои асри 20 мавқеи назаррас дорад.
Ҳамчунин зимни муҳокима иштирокчиён ба қисматҳои диссертатсия таваҷҷуҳ намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Зикр гардид, ки рисола ба талаботи кори илмӣ ҷавобгӯй буда, барои ҳимоя ба зинаҳои минбаъда тавсия дода шавад.


