Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ба як гурӯҳ унвонҷӯёне, ки рисолаҳои илмии худро сарбаландона дифо намуданд қадрдонӣ шуданд.
Дар ин баробар ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва гурӯҳӣ олимпӣ бо роҳбаронашон аз ҷонби Раёсати донишгоҳ ҳавасманд гардонида шуд.
Ҳайати омӯзгорон ҷиҳати ҳавасмандӣ бинобар сабаби ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва тасдиқи дараҷаҳои илмӣ:
-
Ойматова Хоҷармо Холмуродовна – доктори илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи методикаи таълими физик;
-
Раҳимов Шарифҷон Ҳабибуллоевич– номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори кафедраи назарияи иқтисодӣ;
-
Шарипов Сафарбой Муродалиевич – номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори кафедраи физикаи умумӣ;
-
Имомализода Баҳодур Бобомурод – номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкӣ;
-
Нориён Зарина Ислом – номзади илмҳои педагогӣ, омӯзгори кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ;
-
Маҷидзода Усмон Ҳомид – номзади илмҳои педагогӣ, омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифоӣ ҳарбӣ.
Ашурова Шаҳло Кулобиевна – дотсент, мудири кафедраи Забон ва адабиёти рус бинобар сабаби он ки шогирди ӯ номзади илмҳои педагогӣ – Нориён Зарина Ислом рисолаи илмии худро ҳимоя ва тасдиқи дараҷаи илмиашро дарёфт намудааст.
-
Одиназода Нуриддин Ҳасан – бинобар сабаби ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва тасдиқи дараҷаҳои илмӣ;
-
Зувайдов Маҳмадулло Маҳмасолиевич – номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори кафедраи сохтмон.
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ дар асоси қарори Шурои олимони донишгоҳ ва фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба ҳавасманд намудани ғолибони даври хотимавии озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтирокори ҷавон”, инчунин роҳбарони онҳоро ба тариқи зайл:
-
Раҷабов Яҳёҷон Баҳриддинович – донишҷӯи курси панҷуми факултети химия ва биология, ихтисоси химия ва биология, ҷойи якум миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), дар бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар самти химия ва биология;
-
Тохторова Юлдузхон Саидқуловна – магистранти курси дуюми факултети химия ва биология, ихтисоси биология, ҷойи якум миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), дар бахши фанҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ дар самти фарматсевтӣ;
-
Сироҷиддинов Афзалшо Камариддинович – магистранти курси дуюми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ, ҷойи дуюм миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), дар бахши фанҳои гуманитарӣ дар самти сиёсатшиносӣ;
-
Қарашмаи Мустақимзода – донишҷӯи курси 4-уми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ, ҷойи сеюм аз рӯйи равияи фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар даври сеюми Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2024-2025 аз фанни сиёсатшиносӣ;
-
Сатторова Гулноза Абдурасуловна – донишҷӯи курси 3-уми факултети забонва адабиёти рус, ихтисоси забон ва адабиёти рус, ҷойи сеюм аз рӯйи равияи фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар даври сеюми Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2024-2025 аз фанни забони русӣ;
-
Раҳимов Беҳруз Абдуҷабборович – донишҷӯи курси 5-уми факултети химия ва биология, ихтисоси химия ва биология, ҷойи сеюм аз рӯйи равияи фанҳои табиатшиносию риёзӣ, дар даври сеюми Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2024-2025;
-
Латипов Баҳодур– донишҷӯи курси 3-юми факултети физика, ихтисоси физика-информатика, барои ишғоли ҷойи сеюм дар 5-умин Озмун (олимпиада)-и ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” аз рӯйи равияи физика;
-
Холов Шаҳбоз – донишҷӯи курси 1-уми факултети технологияи рақамӣ ва ҳифзи иттилоот, ихтисоси информатика, барои ишғоли ҷойи сеюм дар Озмуни ҷумҳуриявии “Дизайнер ва барномасози беҳтарин” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” аз рӯйи номинатсияи “Дизайнер ва сомонасозӣ бо татбиқи технологияи муосир”;
-
Хошокова Маъво – донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, барои ишғоли ҷойи сеюм дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад…)” ба ифтихорӣ Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.
Дар асоси қарори Шурои олимони донишгоҳ, омӯзгорони зеринро, ки шогирдонашон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ (олимпиадаҳои фаннӣ) миёни донишҷӯёни МТОК иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд ба тариқи зайл ҳавасманд гардонида шаванд:
-
Ятимов Парвиз Мадаминович – декани факултети химия ва биология, роҳбари Раҷабов Яҳёҷон Баҳриддинович;
-
Пиров Ғаффор Зардакович – муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети химия ва биология, роҳбари Тохтарова Юлдузхон Саидқуловна;
-
Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек – муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, роҳбари Сироҷиддинов Афзалшо Камариддинович;
-
Сафарзода Ҷумахон– омӯзгори кафедраи сиёсат ва муносибатҳои байналхалқӣ, роҳбари Қарашмаи Мустақимзода;
-
Ҳакимов Ҳасан Турсунович– мудири кафедраи методика ва амалияи таълими забон ва адабиёти рус, роҳбари Сатторова Гулноза;
-
Амиров Қиёмиддин Баҳоваддинович – омӯзгори кафедраи биологияи умумӣ, роҳбари Раҳимов Беҳруз Абдуҷабборович;
-
Маҳмадалӣ Қурбоналӣ – омӯзгори кафедраи физикаи умумӣ, роҳбари Латипов Баҳодур;
-
Ҳабибуллозода Кароматулло Ҳабибулло – муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети технологияи рақамӣ ва ҳифзи иттилоот, роҳбари Холов Шаҳбоз;
-
Маҳмадалиева Муҳаббат – муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети филологияи тоҷик, роҳбари Хошокова Маъво.
Комилӣ Абдулҳай Шарифзода – бинобар сабаби ғолибият дар озмуни ҷумҳуриявии “Олими сол” миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дастовардҳо дар равияи фанҳои физика ва астрономия, ҳавасманд гардонида шуд.



