Аз 3 то 7 июл дар мамлакат ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ ва омадани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво аз 34 то 47 дарҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилоъ, аз 3 то 7 июл дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо сабаби ворид шудани анбӯҳи ҳавои ниҳоят гарм ва хушк аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ шиддат гирифтани гармии ҳаво пешгӯӣ мешавад.
Дар водиҳои вилояти Хатлон ҳаво 42+47 дараҷа гарм, минтақаҳои водибудаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 39+44 дараҷа гарм, водиҳои вилояти Суғд 38+43 дараҷа гарм, ноҳияҳои доманакӯҳӣ 35+40 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 34+39 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки бахусус дар ноҳияҳои осебпазири кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ таваҷҷуҳ намоянд.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз соати 11:00 то 16:00 дар кӯча сайругаштро кам намоянд. Нӯшидани таоми моеъ ва об, нӯшокиҳои мевагӣ ва афшура тавсия дода мешавад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин ва спиртӣ бояд худдорӣ намуд.