Ба диққати сокинони вилоят ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо расонида мешавад, ки бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои талаботи супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон санаи 12-уми июл, аз соати 6:00-и субҳ аксияи вилоятӣ таҳти унвони «Саҳми ман – дар ободии Ватан» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Масъулон бояд бо истифода аз қобилияти ташкилотчигӣ барои муташаккилона сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои тозагию озодагӣ дар ҳар як ташкилоту муассиса, маҳалли зист, қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгард ва соҳили ҷӯйю каналҳо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Бояд ёдовар шавем, ки мақсад аз баргузории чунин шанбегиҳо тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи саломатии иҷтимоӣ ва зебогии маҳал мебошад.
Аз ҳар як сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон даъват ба амал оварда мешвад, ки дар аксияи «Саҳми ман – дар ободии Ватан» иштироки фаъолона намуда, дар ободонӣ ва сабзкории ҳар як гӯшаи Ватан саҳмгузор бошанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон