Имрӯз бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои талаботи супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон аксияи вилоятӣ таҳти унвони «Саҳми ман – дар ободии Ватан» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор мегардад.
Дар он ҳайати омӯзгорон ва кормандони хоҷагии донишгоҳ ба корҳои тозагию озодагӣ дар гирду атрофи факултетҳо машғул гардиданд.
Бояд ёдовар шавем, ки мақсад аз баргузории чунин шанбегиҳо тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи саломатии иҷтимоӣ ва зебогии маҳал мебошад.



