Муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоядории нек байни Тоҷикистону Қирғизистон зери сиёсати дурбинонаи роҳбарони ҳар ду кишвар дар сатҳи устувор ба роҳ монда шуда, ба рушди сулҳу субот ва манфиатҳои миллӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.
Миллати тоҷик аз азал миллати ҳамсоядӯст аст ва ҳамеша меъёрҳои ҳамсоядориро дар сатҳи хеле хуб риоя мекунад. Хусусан, бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар як сатҳи созанда ба роҳ монда шудаанд.
Мо тариқи васоити ахбори омма мебинем, ки сафари роҳбарони ҳар ду кишвар мунтазам сурат мегирад. Дар доираи ин сафарҳо, чандин санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо мерасанд, ки ба таҳкими равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунанд.
Ин ҳама гувоҳи равшани сиёсати дурбинона ва муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров аст.
Муносибатҳои неки дуҷониба натиҷаи иродаи сиёсии қавӣ ва эътимоди тарафайн мебошанд. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Конститутсия таҷассум ёфтааст, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёна пеш мебарад ва истиқлолу соҳибихтиёрии дигар кишварҳоро эҳтиром мекунад.
Бо иродаи қавии Пешвои миллат ва муттаҳидии мардум, муносиботи мо бо Қирғизистон ва дигар ҳамсояҳо дар оянда низ дар сатҳи мусбат боқӣ хоҳад монд. Ин раванд на танҳо ба манфиати давлат, балки барои беҳбудии шароити зиндагии мардум низ мусоидат мекунад.
Мо бояд ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёна ва муносибатҳои некро ҳифз кунем. Сулҳу субот дастоварди бузург аст, ки онро бояд ҳама гуна пос дорем ва дар таҳкими дӯстии байни миллатҳо саҳмгузор бошем.
Набизода Эмомалӣ,
мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давалатии Бохтар ба номи Носири Хусрав