Дар соли таҳсили 2024–2025 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро 72 донишҷӯ бо дипломи аъло хатм намуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 19 нафар зиёд мебошад. Ин нишондод зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав қайд гардид.
Тавре ректори донишгоҳ зикр намуд, алҳол 369 донишҷӯ тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки 2,4 дарсади донишҷӯёни таҳсили рӯзона ва 35,9 дарсади донишҷӯёнро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, 6 донишҷӯ сазовори стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 19 олими ҷавон ва 7 донишҷӯи аълохони донишгоҳ бо стипендияи Раиси вилояти Хатлон сазовор шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ 460 донишҷӯи аз оилаҳои ниёзманд таҳсил мекунанд, ки аз ҷумла 18 нафарашон ятими кулл, 391 нимятим ва 51 маъюб мебошанд. Онҳо пайваста зери таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки шумораи умумии донишҷӯён дар донишгоҳ ба 15 ҳазору 281 нафар мерасад. Аз ин шумора 6 ҳазору 748 донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона, 8 ҳазору 534 донишҷӯ дар таҳсилоти фосилавӣ ва 190 нафар дар зинаи магистратура таҳсил менамоянд.
Наҷибулло Валиев, “Набзи Бохтар”
