М. ҚУРБОНЗОДА: «ДДБ БО ИҚДОМҲОИ НАВ БА СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026 ВОРИД МЕШАВАД»
Тавре ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмадалӣ Қурбонзода дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, раёсати донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки аз моҳи сентябри соли 2025 музди меҳнати кормандону омӯзгорони донишгоҳро 10 фоиз аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ зиёд намояд.
Ба гуфтаи ректор, ин иқдом ҳамзамон дар заминаи амалӣ гардидани қарорҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, тибқи дастури Пешвои миллат, маоши омӯзгорон аз 1 сентябри соли 2025 боз 20 фоиз боло меравад.
Ректори донишгоҳ М. Қурбонзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ инчунин аз сохтмони студияи таҷрибавии телевизионӣ барои донишҷӯёни бахши рӯзноманигорӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, корҳои сохтмонӣ ва таъмири студия пурра анҷом ёфта, тамоми таҷҳизоти зарурии техникӣ ворид шудааст. Ин иқдом, ки дар асоси талаботи замони муосир ва ба хотири таҳкими маҳорати амалӣ ва касбии донишҷӯёни ихтисоси журналистика роҳандозӣ шудааст, қарор аст дар соли таҳсили 2025-2026 ба таври расмӣ мавриди истифода қарор гирад.
Ректор таъкид намуд, ки имрӯз дар назди донишгоҳ як литсейи вобаста, институти илмӣ-таҳқиқотии табиатшиносӣ ва техникӣ, маркази Мавлоношиносӣ, маркази касбомӯзӣ, се маркази забономӯзӣ, аз ҷумла марказҳои омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ ва забон ва фарҳанги Корея фаъолият доранд. Дар баробари ин, донишгоҳ дорои 14 факултет ва 45 кафедра мебошад.
– Феълан 621 омӯзгор дар донишгоҳ ба таълим ва таҳқиқ машғуланд. Аз ин шумора 21 нафар докторони илм ва профессорони доимӣ, 205 нафар дотсентон ва номзадони илм ва 395 нафар саромӯзгорону ассистентон мебошанд.
Ҳиссаи умумии унвондорон дар донишгоҳ 36,3 фоизро ташкил медиҳад, – илова кард М. Қурбонзода.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ ба 15 281 нафар мерасад. Аз ин шумора 6748 нафар дар шуъбаи рӯзона, 8534 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ ва 190 нафар дар зинаи магистратура таҳсил мекунанд. Ҳамзамон, 7059 нафари онҳо духтарон мебошанд, ки 46,2 фоизи шумораи умумии донишҷӯёнро ташкил медиҳад.
Тавре ректор зикр кард, соли 2025 Донишгоҳи давлатии Бохтар тавонист мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, тибқи раддабандии Агентии назорати давлатии соҳаи маориф, ҳифз намояд.
Дар заминаи густариши равобити байналмилалӣ, донишгоҳ феълан бо 37 муассисаи таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. Ин ҳамкориҳо табодули устодону донишҷӯён, баргузории конфронсҳо, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, хондани лексияҳо аз тарафи мутахассисони хориҷӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ ва курсҳои такмили ихтисосро дар бар мегиранд.
Раёсати донишгоҳ дар баробари рушди соҳаи таълим, ба дастгирии иҷтимоии устодону донишҷӯёни эҳтиёҷманд низ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар соли ҷорӣ ба 120 нафар корманд ва 15 нафар фарзандони онҳо роҳхат ба осоишгоҳҳои дохилӣ дода шуд. Ба 18 нафар донишҷӯи ятими кулл ва 27 нафар маъюб кӯмакпулиҳо ҷудо гардида, 69 нафари онҳо дар саросари сол зери ғамхории доимии маъмурият қарор доштанд.
Набиҷони Саидаброр,
«Хатлон”