Имрӯз 24-уми июли соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи намояндагони ВАО баргузор шуд.
Дар оғоз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ, доир ба фаъолияти ҷамъбастии донишгоҳ ибрози назар намуд.
Мутахассисон аз рӯйи 94 ихтисос омода карда мешаванд:
– дар таҳсили рӯзона 94 ихтисос;
– дар таҳсили фосилавӣ танҳо аз рӯи 48 ихтисос.
Таҷрибаомӯзӣ аз рӯйи ду самт- омӯзгорӣ ва истеҳсолӣ ба роҳ монда шудааст.:
– шартномаи ҳамкорӣ бо 36 муассисаи таълимии ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, шаҳри Бохтар ҷиҳати гузаронидани таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ;
– шартномаи ҳамкорӣ бо 77 корхонаҳои истеҳсолӣ аз қабили Омори вилоят, Раёсати андози вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар корхонаву ташкилотҳо.
Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон бо иштироки мутахассисони хориҷи кишвар:
– аз курси бозомӯзии забони англисӣ 12 нафар омӯзгорон дар семинари омузиши забони англиси дар шаҳри Душанбе гузаштанд;
– 73 нафар омӯзгорони факултети физика, математика, информатика, техникӣ ва технологӣ бо иштироки мутахассисон аз донишгоҳи Алтай бозомӯзӣ намуданд.
Ҳимояи рисолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ:
– ҳимояи 17 рисолаҳои номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ;
– ба 36,3% баробар шудани потенсиали илмии донишгоҳ.
Аз баргузории ҳамоишҳо ва фаъолияти маҳфилҳо:
-баргузории 3 конференсияи байналмилалӣ, 6 конференсияи ҷумҳуриявию вилоятӣ, 4 конференсияи умумидонишгоҳӣ ва 71 мизи мудаввар дар донишгоҳ;
– фаъолияти 51 маҳфил ва 14 – ҷамъияти илмии донишҷӯён.
Аз баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ:
– вохӯрӣ бо донишҷӯёни курсҳои 1-уми шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии соҳа;
– баргузории 67 чорабинӣ, суҳбат-вохӯрӣ бо донишҷӯён оид ба масъалаҳои терроризм ва экстремизм;
– зиёда аз 10 мулоқоту вохӯрӣ ва суҳбат бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ;
– боздиди донишҷӯён аз мавзеъҳои таърихии кишвар.
Таваҷҷуҳ ба донишҷӯёни тариқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда ва дастгирии эҳтиёҷмандон:
– айни замон дар донишгоҳ 469 нафар донишҷӯён тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– 18 нафар ятимони кул;
– 391 нафар нимятим;
– 51 нафар маъюбон таҳсил мекунанд.
Баргузории мизҳои мудаввар ва ҳамоишҳо дар хобгоҳи донишҷӯён:
– 9 мулоқот оид ба риояи санадҳои меъёрии соҳа;
– 28 мулоқоту вохӯриҳо, викторинаҳо дар байни донишҷӯён;
-8 мулоқот оид ба тарбияи ҳуқуқии ҷавонон бо иштироки созмонҳои ҷамъиятӣ.
Шартномаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди илм:
– ҳамкориҳо бо 37 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалии хориҷи кишвар;
– таҳсили 40 нафар донишҷӯён аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Туркменистон.
-донишгоҳ узви МТОК-и Осиёи Миёна мебошад;
Баргузории конференсия, семинар, мизҳои мудаввар, дарсҳои онлайнӣ бо иштироки мутахассисон аз донишгоҳҳои хориҷи кишвар:
– баргузории 48 семинар, мизҳои мудаввар ва дарси онлайни;
– ташрифи ҳамкорони рушд аз хориҷи кишвар;
– 9 сафари хизматӣ ва боздиди олимони донишгоҳ ба кишварҳои Ӯзбекистон, Хитой, Корея.
Аз рафти сохтмони бинои асосӣ:
– иҷрои корҳои сохтмонӣ дар 3 блоки А, Б, В, Г, Д то нуқтаи сифр;
– рафти корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди бинои 7-ошёнаи хобгоҳ барои донишҷӯён дар минтақаи “Дӯстии халқҳо”.
Раванди корҳои ободонӣ ва сохтмонӣ:
– таъмири биноҳои таълимӣ ва ҳуҷраҳои корӣ дар ҳамаи факултетҳо;
– харидории таҷҳизоти таълимӣ аз суратҳисоби махсус ва лоиҳаҳои грантӣ;
-зиёд намудани теъдоди озмоишгоҳҳои таълимӣ дар заминаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф».
Дастгирии иҷтимоии кормандон:
-роҳхат ба 120 нафар кормандон ва 15 нафар фарзандони онҳо ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ;
-расонидани кумакпулӣ ба 18 нафар ятими кулл ва 27 нафар маъюбон.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО ба саволҳои худ доир ба дигар дастовардҳо ва фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби масъулин ҷавоб гирифтанд.



