Дар ин бора хабаргузориҳои Русия иттилоъ медиҳанд. «Ҷоиза барои саҳми назаррас дар таъмини амнияти умумибашарӣ дар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ тақдим мегардад», – гуфта мешавад дар номаи раиси ин бунёд Леонид Слутский.
Дар ин санад ҳамчунин ба нақши таърихии Эъломияи Хуҷанд дар масоили марзи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъкид шудааст.
«Бо саъю кӯшишҳои сарони давлатҳо амнияти Авруосиёро таъмин мекунанд, муколама дар Осиёи Марказӣ оид ба таъсиси низоми бидуни раводид ва баланд бардоштани ҷолибияти сайёҳии минтақа идома дорад», – гуфта мешавад дар нома.
Дар воқеъ, Пешвои миллати мо ҳодии сулҳ ва ваҳдатофаранд!
Маъмурзода Носирҷон,
дотсенти кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав