Имрӯз дар толори Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинари илмӣ бо иштироки Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва иноватсияи донишгоҳ доир гардид.
Дар семинари илмӣ раисон ва котибони шуроҳои диссертатсионии донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Семинари илмӣ бо сухани ифтитоҳии Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва иноватсияи донишгоҳ оғоз гардид. Гуфта шуд, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки илм ва инноватсия яке аз рукнҳои асосии рушди устувори давлатҳо ба ҳисоб меравад, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) вазифаи калидӣ дар самти танзим ва рушди низоми илмӣ дар кишварро ба уҳда дорад. КОА дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, №255 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он, такмили низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ, техникии тахассуси олӣ мебошад

