Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи нақшаи корӣ Шурои олимон баргузор гардид, ки дар он раиси Шурои олимон, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат масъалаҳои муҳокимашавандаи рӯзномаи ҷаласаро ба саъми аъзоёни Шуро расонид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи Шуро аз рӯйи масъалаи якум муҳокима ва тасдиқи нақшаи корӣ ва аъзои Шурои олимони донишгоҳ барои соли таҳсили 2025-2026 сурат гирифт.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа “Тайёрии донишгоҳ ба ҷашни таърихии 34 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди назар қарор дода шуд. Ҳамчунин, омодагии раёсати таҳсилот ва факултетҳои донишгоҳ ба соли таҳсили 2025-2026 баррасӣ гардид.
Дар масъалаҳои ҷорӣ, раиси Шурои олимони донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат масъулинро ҷиҳати иҷрои босифати корҳо вазифадор намуд.

