Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори оғози соли нави таҳсили 2025-2026
Шогирдон ва устодону омӯзгорони арҷманд!
Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола нахустрӯзи соли таҳсил дар кишвар ҳамчун Рўзи дониш ва Дарси сулҳ бо шукўҳу шаҳомати хосса дар тамоми муассисаҳои таълимӣ таљлил карда мешавад.
Таҷлили Рўзи дониш ва Дарси сулҳ имсол аз он ҷиҳат шукўҳмандтар мебошад, ки ҷумҳурии азизамон таҳти сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои миллат дар раванди омодагиҳо ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад ва раванди ободкориву созандагињо дар сар то сари кишвар бо суръати бесобиқа идома дорад.
Соҳаи маориф воқеан, дастгоҳи махсуси тавлиди илм ба шумор рафта, пояи мустаҳками ҳар як давлат эътироф мешавад. Аз ин рӯ, илму маориф дар сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи марказӣ дошта, дар ҳар суханронияшон аҳаммияти илмро барои рушди кишвар бо такрор таъкид менамоянд.
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли равон барои беҳтар намудани раванди таълим ва ба тартиб овардани синфхонаҳои таълимӣ, ободонии майдончаҳои донишгоҳ, сохтмони бинои наву замонавии хобгоҳ барои донишҷўён ва ғайра корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Раёсати донишгоҳ шароитеро барои устодон ва шогирдон муҳайё намуда истодааст, ки онҳо тавонанд бо дастовардҳои илмию фановарии донишмандони ватанию хориҷӣ дастрасӣ дошта бошанд.
Устодону омўзгорони муҳтарам!
Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, рақобатҳои шадиди геосиёсиву иқтисодӣ, мухолифатҳои мазҳабӣ ва кӯшишҳои кишварҳои абарқудрат барои таҳти назорат гирифтани минтақаҳои алоҳида аз ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ тақозо менамояд, ки ҷиҳати мустаҳкаму поянда нигоҳ доштани нишонаҳои асосии давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагии миллат, якпорчагии давлат ва арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи худ ҳамеша саъю талош варзад ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода бошад.
Мо, омўзгорон бояд ба масъалаи таълиму тарбияи дурусти шогирдон, эмин нигоҳ доштани онҳо аз хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем ва онҳоро тавре ба камол расонем, ки боиси ифтихори падару модарон гарданд, соҳибихтисос шаванд ва ба Ватани аҷдодии хеш содиқона хизмат намуданро вазифаи шаҳрвандии худ шуморанд.
Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд. Аҳли маориф низ ифтихорманд аз онанд, ки бузургтарин ва пуршарафтарин масъулият – донишомӯзӣ ба насли наврасро ба дӯш доранд. Баҳри иҷрои муваффақонаи ин рисолати волои хеш онҳо бо тамоми ҳастӣ ва бо камоли масъулият фаъолият менамоянд, зеро пойдевори давлат бояд мустаҳкам бунёд карда шавад ва он таҳкурсӣ пеш аз ҳама талқини ҳамаҷонибаи ифтихори ватандорӣ аст.
Ватандўстӣ ҷавҳари ниҳоист, ки инсонро ба гузаштаву имрўзаи кишвараш ошно месозад ва мепайвандад, ба ояндааш мутмаину дилгарм месозад. Ҷавононро дар руҳияе тарбия бояд намоем, ки ифтихору номуси ватандорӣ дошта бошанд, хизмат ба Ватанро шарафу номуси ҷавонмардии худ шуморанд, барои онҳо Ватан беҳтарин зодбум ва макони орамидан бошад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ва хотирмон ҳамаи Шумо- устодону донишҷўён, алалхусус донишҷўёни курси якумро, ки тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ аз рўйи 94 ихтисос ба донишгоҳи мо шомил гардиданд, ба ин рўзи фархунда табрику муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, пешрафту барор ва дар фатҳи қуллаҳои дониш барору муваффақиятро таманно дорам.
Соли нави таҳсил муборак!
