Шод бош, эй зиннатафзои ҷаҳон, омӯзгор,
Раҳнамову раҳбари пиру ҷавон, омӯзгор.
Гар ҷаҳонро дар масал мо фарз созем осмон,
Шамси равшан дар мадори осмон, омӯзгор.
Хоксоре, ки ҷаҳон дар қабзаи фармони ӯст,
Ҷонфидое, бемуҳобо, қаҳрамон, омӯзгор.
Бе вуҷудаш фард-фарди ҷамъият пайванд нест,
Эй салоҳи ҷамъиятро посбон, омӯзгор.
Мерасад ҳар кас зи лутфаш бар нишони орзу,
Баҳри тири ғайрати мардум камон, омӯзгор.
Кист, – мепурсӣ агар, – бартар зи абнои башар?
Ҳар каси оқил бигӯяд: Бегумон, омӯзгор!
То ҷаҳон ободу мардум шод бошад то абад,
Бар ту мехоҳам суботи ҷисму ҷон, омӯзгор!
Сафармад Аҳмадов,
мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хисрав
