Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузори ба илму дониш ва хираду маърифат мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ҷашн гирифта мешавад.
Мавриди зикр аст, ки доштани донишу хирад, ақлу заковат мояи ифтихору шараф ва сарфарозии ҳар як инсон мебошад.
Дарси сулҳ на танҳо як чорабинии рамзӣ, балки мактаби бузурги зиндагӣ барои кӯдакон ва ҷавонон аст. Дар он наслҳои наврас меомӯзанд, ки чӣ гуна сулҳ ба рушди иқтисодӣ, пешрафти илму маориф ва таҳкими истиқлолият замина мегузорад.
Нусратулло Азимиён,
мутахасиси шуъбаи сифати таҳсилот
