-
Шарипов Сангимурод Исматуллоевич, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
-
Давлатбекзода Вайсиддин омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Ҳамасола дар арафаи Рӯзи дониш ва дарси сулҳ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯён ва кормандони соҳаи маориф ва илм баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои муҳимми соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Имсол ин мулоқоти таърихӣ ва пурмуҳтаво 30-юми августи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардида, аз суҳбату роҳнамоиҳои Сарвари давлат тамоми сокинони кишвар, бахусус кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар баҳраи зиёде бардоштанд.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ маврди баррасӣ қарор гирифт, ба таълиму тарбия ҷалб намудани кӯдакону наврасон ва муҳайё намудани шароити созгори таҳсил барои ин қишри ояндасози ҷомеа буд. Дар ибтидои суханронии худ Сарвари давлат омӯзиши илму хирад ва азхуд намудани касбу ҳунарҳои муосирро барои тамоми сокинони кишвар, аз ҷумла наврасону ҷавонон муҳим арзёбӣ намуда, зикр доштанд, ки “… дониш омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат, инчунин, сарчашмаи муваффақият ва зиндагии осудаи ҳар як инсон мебошад. Ниёгони хирадманду рӯзгордидаи мо донишро беҳуда «қутбнамои зиндагӣ», «чароғи равшан», «ҷавшани тан», «парчами зафармандӣ» ва «устоди беминнат» нагуфтаанд”.
Воқеан, илму дониш сармояи бузурги маънавии ҳар фард ба ҳисоб рафта, василаи муҳимми шинохти оламу одам мебошад. Маҳз ҳамин масъаларо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта, ҷиҳати ба таҳсили босифат фаро гирифтани кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар ҳамаи зинаи таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти аввалия дар муассисаҳои томактабӣ шароити арзандаву муносиб муҳайё сезем. Бо ҳидояту роҳнамоиҳои пайвастаи Сарвари давлат, ҳамасола бо дастгирии давлату ҳукумати мамлакат, шахсони ватандӯст ва соҳибкорони саховатпеша таъмиру азнавсозии бинову иншооти соҳа, синфхонаҳои иловагӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнуи умумӣ бунёд карда мешаванд, ки пеш аз ҳама барои муҳайё намудани шароити таҳсил ва ҳалли мушкилоти соҳа мусоидат мекунад. Сарвари давлат пайваста ба иқдому ташаббусҳои чунин ашхоси саховатманд ҷиҳати бунёди муассисҳои таълимӣ баҳои баланд дода, изҳори миннатдорӣ менамоянд, ки ин ба вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ мусоидат мекунад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ояндаи дурахшони ҳар миллату давлат аз кӯдакону наврасон ва ҷавонони соҳибхираду навовар, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту меҳанпараст вобастагии зиёд дорад. Имрӯзҳо давлату ҳукумат, муассисаҳои таълимӣ, падару модар ва аҳли ҷомеа кушиш намуда истодаанд, ки кӯдакону наврасон ва ҷавононро, пеш аз ҳама дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, илмомӯзӣ ва доштани касбу ҳунарҳои муосир ба камол расонанд то онҳо бо донишу ҷаҳонбинии илмӣ тавонанд кишварамонро ба давлати пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳанд. Ҳоло илму дониш ва технологияҳои муосир бо суръати кайҳонӣ рушд намуда, зеҳни сунъӣ афзалияти бештар касб мекунад. Тоҷикистони азизи мо, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи башарӣ аст, аз чунин раванди босуръати технологӣ дар канор буда наметавонад.
Омили ҳамаи ин муваффақиятҳо аз таҳсилоти босифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсил дарак медиҳад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, зикр карданд, ки: “Дар замони мо, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо ва бахусус, зеҳни сунъӣ хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст. Яъне асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин – замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад”.
Дар шароити мураккабу печидаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ зарур аст, ки падару модар, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама насли наврасу ҷавони кишварамонро дар руҳияи илмомӯзӣ тарбияву роҳнамоӣ намоянд. Ҳарчанд ин рисолатро имрӯз омӯзгорон бо сарбаландӣ иҷро мекунанд, бояд ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ: оила ва ҷомеа ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданашон муҳим мебошад. Агар робитаи ин ниҳодҳои иҷтимоӣ ҳар қадар беҳтар ва наздик бошад, ҳамон қадар насли наврасу ҷавони кишвар дуруст тарбия ва ба камол мерасанд.
Рушду инкишофи маънавии ҳар фард маҳз аз таҳсили босифат дар муассиаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар ин мулоқот низ таъкид доштанд, ки мо бояд ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва ҷалби бештари 50 фисади кӯдакон ба кори таълиму тарбия шароити созгор муҳайё намоем то ин насл дуруст ба камол расанд. Чунончӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот қайд намуданд: “Чунонки пайваста таъкид менамоям, Ҳукумати мамлакат ба вазъи муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи хосса дорад. Зеро нахустин фаҳмишҳои кӯдакон дар бораи муҳит ва ашё маҳз дар ҳамин зинаи таҳсилот шакл мегиранд.
Дар баробари пешравиҳои муайян, дар ин соҳа ҳанӯз мушкилоти зиёд низ ҷой доранд, ки пеш аз ҳама, кам будани шумораи муассисаҳои томактабӣ ва кӯдакони ба таълиму тарбияи томактабӣ фарогирифташуда аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар назар бояд дошт, ки афзоиши босуръати аҳолӣ талаботи ҷомеаро ба таҳсилоти томактабӣ сол ба сол афзоиш дода истодааст.
Чунин ҳолат роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Вазорати маориф ва илм, инчунин, падару модаронро водор месозад, ки бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси шаклҳои алтернативии фарогирӣ ба зинаи томактабиро густариш бахшида, иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди маорифро дар хусуси то соли 2030 ба 50 фоиз расонидани фарогирӣ ба таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд”.
Масъалаи дигаре, ки имрӯз ба раванди кори таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ халал мерасонад, норасоии мутахассисон, хусусан омӯзгорони касбӣ мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот бо кормандони соҳаи маориф ва илм таъкид доштанд, ки бояд ба ҳалли масъалаи мазкур вазорату кумитаҳои дахлдор диққати зарурӣ диҳанд то насли худшиносу худогоҳ ва ватандӯст дар беҳтарин шароит тарбияву ба камол расанд. “… вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати зиёд намудани ҷойҳо дар ихтисосҳои томактабии муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ ва дар оянда пурра таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои соҳибихтисос тадбирҳои судманд андешанд”.
Бунёди муассисаҳои томактбаӣ дар деҳаҳои дурдасти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар ва ҷалби кӯдакон ба таълиму тарбия назар ба солҳои гузашта рӯ ба беҳбудӣ овардааст, ки умед дорем дар ин махзанҳои илм беҳтарин насли даврон камол ёфта, бо донишу хирад ва истеъдоду фитрати худ дар пешрафту шукуфоии ҷомеа саҳм мегузоранд.
Бовар дорем, ки ҳар сокини саодатманди кишвар, бахусус кормандони соҳаи маориф ва илм суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ тавассути тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва матни онро аз рӯзномаву маҷалаҳои даврӣ тамошову мутолиа намуда, дар асоси он нақша-чорабиниҳо таҳия карда, дар амалигардии онҳо саҳми худро мегузоранд.
