Истиқлоли давлатӣ ин шараф ва номуси ҳар як миллати озодандешу соҳибхирад, соҳибтамаддуну бофарҳанг ва соҳибэҳтирому донишманд аст. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуни фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард».
Миллати тоҷик яке аз халқиятҳои соҳибтамаддун дорои таърих ва фарҳанги куҳан ба ҳисоб меравад, ки инро таърихнигорон ва сарчашмаҳои таърих исбот намудааст. Дар ин муддат дастовард ва муваффақиятҳои ба дастомадаи кишвари мо ба сӯи комёбиҳои беназир ноил гардидем. Яке аз он се ҳадафи стратегӣ дар даврони Истиқлол барои кишвар имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд.
Дар даврони 34 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди иқтисодиёти миллӣ шароити мусоид карда шуд то як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардад. Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи се ҳадафи стратегии кишвар аз қабили баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ вазифаҳои авалиндараҷа буда, саноатикунонии босуръати ҳадафи чоруми давлату Ҳукумати кишвар эълон карда шудааст.
Дар ин замина дар минтақаҳои гуногуни кишвар корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда шудааст, ки боиси рушди минтақаҳо гардида ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ боис гардидааст. Бунёди кӯдакистон, мактаб, литсейю гимназияҳо, роҳҳои оҳан ва нақлиётгард ба монанди “Роҳи мошингарди Бадахшон”, “Нақби Истиқлол”, “Нақби Шаҳристон”, “Роҳи оҳани Хатлон – Кӯлоб”, “Сагтуда-1”, “Сангтуда 2” қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим ҳамгироии ҷомеа маҳсуб меёбад.
Хушбахтона, Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳури Тоҷикистон сиёсати хориҷиашро рушду нумӯъ бахшад ва бо кишварҳои минтақа муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Махсусан, бо пешбурди “Сиёсати дарҳои боз”, ки аз соли 2003 инҷониб амалӣ мешавад. Ҷумҳури Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад.
Ин ҳама тадбирҳо барои тарбияи дурусти насли наврас ва баланд бардоштани сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои замонави, дақиқ ва забономӯзӣ, тарбия дар рушди ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ ва пешгирӣ аз гаравидан ба гурӯҳҳоӣ ифротӣ равона шудааст. Хулоса самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар рӯи олам чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.
Тоҷиддин ХОЛОВ,
мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДБ ба номи Носири Хусрав

