Истиқлолият неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммадини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.
Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлолият душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи музаффариятҳо ва дастовардҳои Истиқлолият аз он ҳам душвортар аст.
Ин шаҳодати он аст, ки насли гузашта ва имрӯзи кишвар бо ҷонбозиҳо ва заҳматҳои зиёд Истиқлолият ба даст оварда, тақдири миллатро ба дӯши худ гирифтанд ва давлату миллатро ба шоҳроҳи бунёдкорию созандагӣ ва музаффариятҳои ҳаётан муҳим ҳидоят намуданд. Аммо вазифаи душвору пуршараф таҳким, ҳимоя ва таъмини абадияту пойдории давлати соҳибистиқлол аст, ки ба зиммаи насли ҷавон аст ва ин масъулиятро бояд дарк кард. Насли ҷавон ҳаққу ҳуқуқи хато кардан ва аз худ дур кардани масъулиятро надоранд, чунки барои ба даст овардани ин неъмати бебаҳо фарзандони фарзонаи миллат ҷонбозиҳо намуданд, садҳо модарони тоҷик ашки ҳасрат рехтанд, ки инро хуб бояд дарк кард.
Дар ин росто, шаҳрвандони кишвар, қабл аз ҳама, ҷавонон дарк бояд намоянд, ки Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати мо дар масири таърих мебошад. Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Бинобар ин, зарур аст, ки ин нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлатамон Истиқлолияти давлатии кишварамонро содиқона ҳифз намоем ва ба хотири ободиву оромии он бо тамоми ҳастӣ талош варзем, аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи арзишҳои муқаддас ва манфиатҳои миллии давлатиамон доимо зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.
Дарки моҳияти Истиқлолият ва қадру манзалати давлатдории миллӣ, ки омилҳои муҳимми ҳастии миллат ва бақои давлатдорӣ мебошанд, барои ҳар як фарди кишвар рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи муқаддаси фарзандист.
Рамазон ГУЛЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ, омӯзгори факултети педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав

