«Фарзанд меваи умри одамизод мебошад, то замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд»
Эмомалӣ Раҳмон
Оила заминаи ибтидоии маданияти инсонист; маҳз оила шаклу меъёрҳои рафтор, манфиат ва арзишҳоро ба кӯдак нишон медиҳад. Вай намунаи ҳаётест, ки кӯдак онро дар оилаи худ ҳамчун калонсолон меомӯзад ва нусхабардорӣ мекунад. Муносибатҳои оилавӣ барои ӯ «намуна» мешаванд, ки мувофиқи он хислат, муносибати ӯ ба худ, ҷаҳон ва одамони дигар ташаккул меёбад. Дар ин ҷо кӯдак дӯст доштан, бовар кардан, фидокорӣ карданро меомӯзад – маҳз падару модарон аввалин тарбиятгаронанд, ки онҳо барои рушди маънавию ахлоқии хурдсолон замина мегузоранд.
Ҳаёти кӯдаки хурдсол аз оила оғоз мешавад ва дар оила пояи рушди маънавию ахлоқии ӯ гузошта мешавад. Дар оила кӯдак аз хурдӣ намунаҳои аввалини муносибати калонсолонро нисбат ба атрофиён ва нисбат ба худ мегирад. Оила ҳар кадар мустаҳкам бошад, алоқаи наслҳо ҳамон қадар мустаҳкам мегардад, имконияти дар он ба воя расондани одами аз ҷиҳати маънавӣ баркамол баландтар мегардад.
Аз қадимулайём тарбия намудани хислати неки фарзанд, ташаккули қобилияти зиндагии шоистаи ӯро тарзи зиндагии модару падар муайян мекард ва худи падару модарон ба ӯ намунаи ибрати нек нишон медоданд.
Раванди дурусти инкишофи кӯдак аз синни хурдсолӣ пеш аз ҳама ба шарофати ғамхории волидон сурат мегирад. Кӯдаки хурдсол аз волидайни худ фикр кардан, сухан гуфтан, фаҳмидан ва назорат кардани аксуламали худро меомӯзад. Усулҳои роҳнамоӣ, ҳамоҳангшудаи таълиму тарбия кӯдакро таълим медиҳад, ки бемаҳдуд бошад, дар айни замон ӯ аз рӯи меъёрҳои ахлоқӣ идора кардани амалу кирдорашро ёд мегирад. Кӯдак ҷаҳони арзишҳоро инкишоф медиҳад. Дар ин инкишофи гуногунҷанба падару модарон бо рафтор ва ибрати шахсии худ ба кӯдак ёрии калон мерасонанд. Муносибатҳои амиқ бо волидон ҳисси қаноатмандии доимиро дар ҳаёти кӯдакон эҷод мекунанд.
Дар оилаҳои солим падару модарон ва фарзандон алоқаи табиии ҳаррӯза доранд. Ин чунин робитаи зич байни онҳост, ки дар натиҷаи он ягонагии маънавӣ ва мувофиқати орзую амали асосии ҳаёт ба вуҷуд меояд. Асоси табиии чунин муносибатҳоро робитаҳои оилавӣ, эҳсоси модарӣ ва вазифаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим нисбат ба ҷомеа ва шахсият ташкил медиҳанд.
Анъанаҳои санҷидашуда ва собитшудаи оилавӣ ба кӯдакон таъсири калон мерасонанд. Пеш аз ҳама, аз он сабаб, ки анъанаҳои мавҷуда оиларо мустаҳкам мекунанд, тарзи муътадили ҳаётро ба вуҷуд меоваранд ва аз ҳама муҳимаш, оиларо ҳамчун коллектив тавсиф мекунанд.
Барои кӯмаки падару модарон тавсияе пешниҳод менамоем, масалан, китоби Азим Байзоев бо номи “Кадомаш беҳтар” падару модарон метавонанд ҳамроҳи фарзандони худ хонанд, нақл кунанд. Нақли мухтасари китобро пешкашатон менамоям.
Замира имрӯз аз хоб дертар хест. Имрӯз рӯзи ягонаи ҳафта аст, ки модарҷон ӯро бедор намекунад.
Ногаҳ гапи муаллима ба ёдаш омад: “Бачаҳо, рӯзҳои истироҳату иду таътил барои китобхонӣ фурсати беҳтарин аст”.
Ӯ аз раф китоби Пӯлод Толис “Мӯрчаяк”-ро гирифта ба хондан сар кард. Ду саҳифа хонду ҳис кард, ки монда шудааст. Ногоҳ аз радио овоз баромад:
– Замираҷон, инҷо биё.
Ӯ назди радио омад.
Радио гуфт:
– Дидӣ, китоб туро хаста мекунад. Аммо маро ҳар қадар гӯш кунӣ, хаста намешавӣ. Хоҳӣ, бо ман месароӣ, хоҳӣ, рақс мекунӣ. Ман бароят афсона ҳам мегӯяму шеър ҳам мехонам. Аз ман беҳтар дӯсте намиёбӣ. Хуб, боз худат андеша бикун.
Замира ҳама гапҳои радиоро фаҳмид, ба ғайр аз “андеша бикун”. Замира медонист, ки падар ба саволҳои ӯ албатта ҷавоб медиҳад. Вай ба назди падар омад.
Замира парешон шуд ва аз падараш пурсид:
– Падарҷон ба шумо чӣ шуд?
– Андеша мекунам, духтарҷон, – ҷавоб дод падараш.
– Мехостам, ки имрӯз шуморо ба Боғи Рӯдакӣ тамошо барам. Модарат мегӯяд, ки ба хонаи холаат меҳмонӣ равем. Андеша мекунам, ки кадомаш беҳтар аст.
Замира фаҳмид, ки “андеша кардан” чӣ будааст. Ӯ ба ҳуҷраи бародараш – Эраҷ рафт. Эраҷ компютер дорад. Эҳе, вай бо компютер корҳое мекунад, ки одам ҳайрон мемонад.
Ӯ компютерро даргиронду ба андеша рафт, ки чӣ кор кунад.
Ногоҳ компютер ба гап даромад:
– Замираҷон, ба гапҳои радио бовар накун. Радиоро фақат мешунавӣ. Маро ҳам мешунавӣ, ҳам тамошо мекунӣ. Ҳар вақт хоҳӣ, бо ман бозӣ мекунӣ. Ман дӯсти беҳтарини ту ҳастам.
Замира боз ба андеша рафт: “Компютер беҳтар аст, ё радио” Ин дам овози модарашро шунид:
– Духтарҷон! Биё барномаи “Офарин” сар шуд. Ӯ шитобон назди телевизор омад. Аммо ба ҷойи бачаҳо як муйсафед пайдо шуду гуфт:
– Салом, Замираҷон! Ман хурсандам, ки ту ҳамчун дӯсти беҳтарин маро интихоб мекунӣ. Компютер хурдакак аст, аммо маро бин калону зебоям. Ман ҳама чиз дорам: суруду рақс, филму бозиҳои гуногун. Бо ман ту метавонӣ ба сафари олам бароӣ. Ногоҳ барқ хомӯш шуд.
Замира боз рӯйи диван нишаст. Намедонист, ки чӣ кор кунад. Ин лаҳза аз як кунҷи диван садо омад:
– Ғамгин машав, Замираҷон. Маро бигир. Ман бе барқ ҳам кор мекунам. Ғизои ман фақат меҳри туст,- гуфт китоб.
– Меҳраш чӣ?- пурсид Замира.
-Ҳар саҳар модарҷонат туро аз хоб бедор мекунад. Ба оғӯш гирифта мебӯсад. Хӯрок медиҳад. Ба мактаб гусел мекунад. Ҳамаи ин корҳо аз рӯйи меҳр иҷро карда мешаванд. Ба касеву чизе меҳр доштан, яъне дӯст доштани ӯст. Вақте ки маро ба даст мегирию бо ҳавас мехонӣ, ман ҳам меҳри туро ҳис мекунам.
– Хуб, чӣ гуфтан мехоҳӣ?- боз пурсид Замира.
– Маро ба даст бигиру саҳифаи авваламро бикушо ва бихон. Гапҳои ман он ҷост.
Замира китобро гирифту ба хондан сар кард:
-Замираҷон! Радио, компютер, телевизор, телефон чизҳои хубанд. Мошин, киштӣ, ҳавопаймо ҳам ба мо даркоранд. Медони онҳоро кӣ сохтааст?
– Одам.- зуд ҷавоб дод Замира.
Аз ҳозирҷавобии ӯ китоб ҳам хушҳол шуд.
– Дуруст, – гуфт ӯ. – Аммо на ҳар одам метавонад, чизе бисозад.
Одаме, ки ягон чиз месозад ё ихтироъ мекунад, олим аст. Олим касест, ки дониши зиёд дорад, яъне бисёр чизҳоро медонад. Ва манбаи дониш КИТОБ аст.
– Манбаъ? Ин чӣ маъно дорад?
– Хуб. Маро ба даст бигиру назди тиреза бирав, – гуфт китоб. – Мефаҳмонам ки манбаъ чи маънӣ дорад.
Замира ба назди тиреза рафт.
– Акнун саҳифаи дигарро кушову бихон, – гуфт КИТОБ.
Замира варақи китобро гардонду ба саҳифаи нав нигарист:
– Бубин, чӣ хел гули зебо! Медонӣ ин гул чӣ гуна месабзад?
Дар тубакча хок ҳаст. Хоку обу офтобу ҳаво манбаи нашъунамои ҳамин гул аст.
– Дидӣ Замираҷон? – Китоб боз ба гап даромад.- Ҳар саҳифаи ман ба ту як чизи нав ёд медиҳад. Донишатро меафзояд.
Замира китобро бо ду даст ба сандуқи дилаш фишурд. Бо меҳру муҳаббат зери лаб гуфт:
– Радио, компютер, телевизор-ҳама чизҳои хубанд. Аммо ту-чизи дигарӣ. Дунёи беҳтарини ман тӯӣ, КИТОБ!
Хулоса
-Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекушад, дарахти пурсамарро меноманд, ки меваҳои он инсонро ҷон, ҳастиву тавон мебахшад.
– Вақте, ки шахс китобҳои хубро мехонад, одати сухан карданро меомӯзад.
– Одамоне, ки ба китобхонӣ одат кардаанд, одамонеро ки пайваста телевизор тамошо мекунанд, идора менамоянд.
– Инсон чӣ қатаре, ки бештар китоб хонад дар зиндагӣ мустақил мешавад. Тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ, ки дар доираи оила сурат мегирад, заминаи ташаккули шахсияти инсонро мегузорад.
– Падару модарон бояд дарк намоянд, ки ҳар як рафтори онҳо ба фарзанд таъсиргузор аст.
– Танҳо оилаи солим ва муҳаббатомез метавонад инсонҳои боодобу маънавиятдӯстро ба ҷомеа таҳвил диҳад.
Бобоева Гулбаҳор, дотсенти кафедраи педагогика,
Давлатбекзода Вайсиддин, доктори фалсафа (PhD)-и кафедраи педагогика ва психологияи таҳсилоти ибтидоии ДДБ
