Нуҳуми сентябр барои миллати мо Рӯзи муқаддасу сарнавиштсоз ва фаромӯшнашаванда мебошад. Зеро дар ин рӯзи соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро расман эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти миллати озодаву тамаддунофари тоҷик кушода шуд. Дар ин рӯз мо ба соҳибистиқлолӣ расидем. Истиқлоле, ки орзуи ҳамешагии ҳар миллати озода аст ва бо доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ пойдору устувор хоҳад буд.
Истиқлолияти давлатии мо 34-сола шуд. Он ба дарахте мемонад, ки аз тӯфонҳои сиёсиву иҷтимоӣ солим берун омад ва акнун тануманду устувор буда, рӯз то рӯз қавитар мешавад. Аммо ин дарахт ба таври ҳамешагӣ ба нигоҳубини мо ниёз дорад. Бояд онро бо тамоми вуҷуд дӯст дорем, ин меҳру муҳаббат ба мо нерӯе медиҳад, ки ба пеш, ба сӯи фардои аз ин ҳам беҳтар қадам ниҳем. Тоҷикистони ободу озод дар давоми 34 соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои бузургу назаррасе даст ёфт.
Миллати тоҷик, ки асосан миллати ободгар ва тараққихоҳ аст, мушкилоти аз берун таҳмилшудаи нооромиҳои дохилиро ба зудӣ пушти сар гузошта, роҳи бунёдкориву созандагиро пеш гирифт ва бо муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯз то рӯз ба сӯи пирӯзиҳо роҳ мепаймояд.
Имруз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз манофеъ ва арзишҳои миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари хосси худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххаси худро дар бораи ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба миён мегузорад. Акнун ҳеч гуна тасмимгириҳои дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Кишвари мо бо аксар мамолики олам робитаи дӯстӣ дорад ва ҳамкории худро бар асоси манофеи миллӣ ва ҳифзи равобити ҳамсоядорӣ ба роҳ мемонад.
Истиқлолият барои миллати мо неъмати бузург ва таърихист. Ин арзиш ҳаёту дунёи моро рангину пурҷилло намудааст. Истиқлолият дар масири такомули худ мушкилоти иқтисодиро низ ҳамроҳ дорад, ки бояд онро сипарӣ намоем ва ин хосси миллати мо набуда, ҳамаи миллатҳо аз ин пайроҳа гузааштаанд ва ё дар ҳоли гузариш ҳастанд.
Даҳаи аввали Истиқлолият дар кишвари мо асосан дар роҳи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ сарф шуд. Акнун бо гузаштан аз он марҳила, ки марҳилаи аввали пас аз истиқлол буд, Ҳукумати Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳо боз намуда, равобити сиёсиву иқтисодӣ барқарор намуд.
Имрӯзҳо мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷабҳаро дар арсаҳои мухталиф мебинем ва кишварҳои дуру наздики манотиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро эътироф мекунанд ва қобили пайравӣ медонанд. Зеро ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мавкеияти худро қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хосси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳам фаъолона иштирок намояд, ки ин хосси кишварҳои дар ҳоли рушд аст.
Аз он ҷо ки истиқлоли иқтисодӣ тазминкунандаи истиқлоли сиёсист, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина корҳои зиёде ба анҷом расонда, барномаву стратегияҳои мушаххасеро татбиқ намуда истодааст. Дар ин росто метавон ба чор бахш: роҳ, энергетика, амнияти озуқаворӣ ва саноат ишора кард, ки бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияташон мавриди таваҷҷӯҳи махсуси давлат ва мардуми Тоҷикистон қарор доранд.
Дар натиҷаи татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат таҳаввули бузурге дар ҳаёти иқтисодии кишвари азизамон ба вуҷуд меояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар раванди амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат ҳама соҳаҳо рушд намуда, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва зиндагии мардум ба маротиб боло рафт. Ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ҳамчунин барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандон ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ фароҳам оварда шуд.
Бо нигоҳи воқеъбинона ба созандагиҳо ва бунёдкориҳои имрӯз, дармеёбем, ки дар ҳақиқат таи солҳои истиқлол қадамҳои бузурге дар рохи пешрафту шукуфоии кишвар гузошта шудааст. Дар ҳақиқат, таи 34 соли Истиқлолият тарҳҳои бузурге дар Тоҷикистоне ба иҷро расидаанд, ки касе дар бораашон фикр намекард ва ё солҳо рӯи коѓаз мехобиданд.
Дар давоми 34 сол дарахти сиёсату иқтисод, илму фарҳанг ва худшиносию худбоварии мо ҳамроҳ бо Истиқлол решадортар шуд. Биёед, бо шукргузорӣ аз истиқлол ва тамомияти арзии кишварамон, барои ободии бештари он бикӯшем ва рӯҳияи истиқлолдӯстиро дар афкори ҷомеа, махсусан ҷавонон тақвият намоем. Дар ҷаҳони муосир таҳдиду хатарҳо зиёданд ва онҳо метавонанд ба рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ, амнияту оромӣ ва соҳибистиқлолии мо монеа эҷод намоянд. Барои ҳифзи ин дастовардҳо мо бояд аз пештара дида, зираку ҳушёр ва ватандӯсту худшинос бошем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошу корнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу заҳматҳои пайвастаи мардуми шарифи мамлакат рӯз то рӯз ободу зебо ва пешрафта мегардад.
Дар кишвари азизамон бисёр масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳал шуданд. Роҳҳову нақбҳо, неругоҳҳои барқии обии хурду бузург, биноҳои боҳашамати истиқоматӣ сохта шуданд, мактабҳои нави замонавӣ бино гардиданд, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд омаданд, маошу нафақа ҳар сол афзоиш меёбад. Кӯдакони бепарастор ва эҳтиёҷманд аз тарафи давлат сарпарастӣ мешаванд.
Ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунад, обрӯи байналмилалии давлати соҳибистиқлоламон торафт боло меравад. Ҳоло мардуми саодатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ободиву пешрафти Ватан, рушд додани иқтисодиёти мамлакат, донишандӯзиву илмомӯзӣ ва дигар корҳои созандагиву бунёдкорӣ пардохтаанд. Ва дақик медонанд, ки саодату рафоҳият ва рангиниву рушании зиндагӣ дар оромиву амният, ободии Тоҷикистон ва дар паҳлуи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будан аст. Мо роҳу ҷойгоҳи худро дар минтақаву ҷаҳон муайяну устувор кардаем ва бо нигоҳи дурбинонаву иродаи қавии хеш ин Ватан-Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафтатар мегардонем.
Садриддини АЙНИДДИН,
мудири кафедраи методикаи
таълими таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав

