Бояд қайд намуд, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намоем.
Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзу асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ҳодисаву воқеаҳои пурошуби ибтидои солҳои навадуми қарни бист водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешавад.
Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳое мебошад, ки барои ба даст овардани Истиқлоли комил марҳилаҳои зиёдеро паси сар намуда, ба ин неъмати бузург ноил гардид. Истиқлоли давлатӣ ҳарчанд ба осонӣ ба даст наомада бошад ҳам, аммо миллати тамаддунофар ва сулҳхоҳи тоҷик тавонист дар як муддати кӯтоҳ ба ин дастоварди бузург ноил гашта, соҳиби давлати мустақили бо ном Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад.
24-уми августи соли 1990 Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ Эъломия қабул намуд. Дар моддаи аввали Эъломия омадааст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад”. Ин воқеа дар мамлакат бесарусомониҳоро пурқувват намуда, раванди барҳамхурӣ Итиҳоди Ҷумҳуриҳои Шурави Сотсиалистиро тезонад.
Хушбахтона, кулли мардуми тоҷик шароити таърихии фароҳамомадаро дастгирӣ карда якдилона пешниҳод намуданд, ки Ҷумҳурии Соҳибистиқлоли Тоҷикистон барпо карда шавад. Ҳақиқат ғалаба намуд, роҳ баҳри эҳё кушода шуд, орзуи бисёрасраи халқи тоҷик тантана намуд.
Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул намуда, рӯзи 9-уми сентябри соли 1991-ро чун санаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон эълон намуд.
Тамоми сокинони кишвар имрӯз ифтихор доранд, ки 34- сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Ҳамин тавр, дар шароити вазнини таърихӣ, новобаста аз мушкилиҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёси алалхусус, рақобати мансабхоҳон ва ташкил ёфтани ҷамъияти созмонҳои мухталифи халқи тоҷик соҳиби ҷумҳурии соҳибистиқлоли худ гардид. Ин воқеа дорои аҳамияти оламшумули таърихӣ мебошад.
Давоми солҳои Истиқлолият бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуда, корҳои азими бунёдиву созандагӣ оғоз гардиданд. Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохта, таъриху тамаддуни хешро медонад ва аз он ифтихор мекунад.
Давоми беш аз 34-сол мардуми тоҷик тавонист, ки беҳтарин арзишҳои миллиро зинда созад, худшиносиву худогоҳии миллиро ба пояи баланд бардошта, на танҳо фарҳанги беназири худро эҳё намояд, балки онро ба талаботи давлатдории навин ва ба воқеияти ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намояд.
Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои актуалии ҷаҳони муосир пешниҳодҳои худро иброз намуда, мавқеи худро муайян менамояд.
Бо ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати санҷидаву дурбинонаеро бо номи “сиёсати дарҳои боз” тарҳрезӣ намуд, ки он барои узви бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани робитаҳои сиёсии ин кишвар бо аксари давлатҳои ҷаҳон мусоидат намуд.
Аз гуфтаҳои дар боло зикршуда, маълум мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сарвари хирадманду дурандеши он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша хостгори мустақилияти комили давлат ва суботу осоиши он буда, барои тақвияти ҳамкориҳо бо дигар кишварҳои олам дар таъмини осоиштагии онҳо ҳавасманд мебошад.
Бо овардани далелҳои мухтасар аз таърихи давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик метавон хулоса кард, ки чунин давлати дар синну сол ҷавон, аммо дар нияту амали созанда бузург, барои мавҷудияти худ бо роҳбари хирадмандаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрвандони ватандӯсту худогоҳаш талошҳои зиёде кардааст. Чунин талошҳо, ки иборат аз эълони мустақилияти комили давлатӣ, раҳоӣ бахшидани давлат аз вартаи парокандашавӣ, баргардонидани гурезагон ба меҳани худ, паноҳ бахшидан ба садҳо ятими кул ва оилаҳои ниёзманд, бунёди иншооти муҳими аср аз қабили нерӯгоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани сифати зиндагии шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ рушди босуботи миллату давлат иборат мебошанд, имрӯз аз ҳар фарди худогоҳу худшинос эътимод ба рушди минбаъдаи давлат ва саҳм гузоштан дар пешрафти онро тақозо мекунанд.
Инак миллати тоҷик 34-умин солгарди ҷашни Истиқлолиятро таҷлил мекунад, ки он нишонаи муттаҳиддиву иродаи қавии ҳар як шаҳрванди баору номуси мамлакат ҳаст. Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик буда, он барои таъмини зиндагии шоиста ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ шароити мусоидро фароҳам овардааст.
Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо бояд аз ин миллату давлати тоҷикони барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.
Садбарги ИСО,
омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики
ДДБ ба номи Носири Хусрав

