зери ин унвон имрӯз дар факултети таърих ва ҳуқуқ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Ф. Нориён, сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, мудирони кафедраҳои факултет ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки яке аз бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони муосир ин Истиқлоли давлатӣ мебошад, ки дар роҳи ба даст овардани он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва арзанда мебошад.

