Истиқлолият бақои миллат ва асоси ҳастии давлат аст. Ҳар як шаҳрванди бедордил, махсусан ҷавонон, вазифадоранд онро ҳифз кунанд ва пос доранд.
Истиқлолият барои мо на танҳо таъриху рамз, балки шаҳодати ҳаёти озоду соҳибихтиёр аст. Мо бояд бо дониш, фарҳанг, худогоҳӣ ва меҳнати ҳалол Ватанро обод намоем ва исбот созем, ки сазовори номи “ҷавонони даврони Истиқлол” ҳастем.
Имрӯз мо дар фазои сулҳу суботи Ватан зиндагӣ дорем – ин ҳама аз неъмати бебаҳои Истиқлолият аст.
Ҷавонони тоҷик, насли пас аз соли 1991, худро фарзандони ҳақиқии даврони истиқлол меҳисобанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд: “Ҷавонон насли фардои миллат нестанд, онҳо имрӯзи онанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ ва роҳнамоӣ намоем”.
Истиқлолият барои мо имкони таҳсил кардан, озодона андешидан, фаъолият дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди давлатамонро фароҳам овардааст. Давлат ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Сиёсати миллии ҷавонон, дасгирии ҷавонон дар илм, варзиш, касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ – ҳамаи ин аз ғамхории давлат нисбат ба насли нав шаҳодат медиҳад.
Мо ҷавонони асри ХХ1, бояд арзиши Истиқлолиятро на танҳо донем, балки онро бо амалу дониш, бо рафтори намунавӣ ва садоқат ба Ватан ҳифз намоем.
Дар давоми зиёда аз 34 соли истиқлол Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Мо – ҷавонон дар соҳаҳои гуногун илм, техника, фарҳанг, варзиш ва сиёсати давлатӣ имкони васеи иштирок дорем. Донишгоҳу коллеҷҳо, олимпиадаҳо, форумҳо ва барномаҳои давлатии рушди ҷавонон нишон медиҳанд, ки давлат ба мо эътимоди калон дорад.
Ифтихор мекунем, ки фарзандони даврони Истиқлол ҳастем. Мо бояд пайравони содиқи Пешвои миллат бошем, илм омӯзем, Ватанро дӯст дорем ва дар ободии Тоҷикистони маҳбуб саҳми худро гузорем.
Гулҷаҳон ДАВЛАТЗОДА,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ
ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ
