Таърих гувоҳ аст, ки ҷавҳари ҳастӣ ва рушду такомули ҳар як миллат аз фарзандони фарзонаю ҷонфидо ва номовару ғаюраш вобаста аст. Пешоҳангон тавассути роҳкушоиҳову шуҷоат ва хиради волои худ, зиндагии шоистаро ба мардум эҳдо намуда, пуштибону сипари онҳо аз ҷафоҳои таърих мегарданд. Маҳз хирадмандиҳои ояндаафрӯзи ин қабил афрод дар марҳалаҳои муҳиму тақдирсози ин ё он қавму миллат пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа-иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳангу маънавиёт, солимиву тандурустӣ, волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва амсоли инҳоро таъмин менамояд.
Таҷрибаи давлатдории ҷаҳон нишон медиҳад, ки барои шоиста будан ба мақоми сарвару пешво, зиёӣ ва ё донишманд будан кифоят намекунад, зеро бо ин ду арзиши номбурда боварии аҳли ҷомеаро ба даст овардан кори басо мушкил аст. Сарварӣ дониши васеъ, масъулияти баланди ватандорӣ, эҳсоси қавии инсондӯстӣ, санъати худододи мудирият, тараҳҳуму шафқат ва амсоли инҳо барин вижагиҳои ба дарку фаҳмиш ва хулқу атвори инсон хосро тақозо менамояд. Ибни Сино мавҷудияти чор сифатро дар сарвар таъкид намудааст: далерӣ, адл, ҳусни тадбир ва доштани хирад.
Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хизматҳоеро ба анҷом расонида тавонистааст, ки ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикистониён ва тоҷикони дунё буданд. Ба даст овардани сулҳу ваҳдат, махсусан ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ барои ваҳдати миллӣ заминаи босазое гузошт, ки ин ҳама аз ҳидояту ҷасорати ин фарзанди фарзонаи миллат буд.
Аз ин рӯ, хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани Созишномаи сулҳи тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик барои ҳамешагӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.
Боиси ифтихор аст, ки маҳз бо корнамоиҳои ва чорандешиҳою ташаббусҳои ин фарзанди фарзонаи миллат мо тавонистем дар тулли соҳибистиқлолии давлат ба кмоёбиҳои зиёд ноил гардем. Пешвои миллат на танҳо поягузори сулҳу ваҳдат, балки меъмори фарҳанги навини замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки дар ин мартаба ҳамкории мардумро барои пайдо намудани ҳадафҳои миллӣ ҳамеша шоистаи кор медонад. Маълум аст, ки ваҳдати миллӣ мусоидаткунандаи мавҷудияти фарҳанги бою таҷрибаи таърихии давлатдории тоҷикон аст. Ба андешаи мо, чун тарафҳои даргир хатари аз байн рафтани миллату давлатро хуб дарк карданд, чунин як моҷарои таҳмилиро бар сари миллати худ ор донистанд. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ сатҳи тараққиёти кишвари азизамонро хеле коҳиш дод, аммо рӯҳи шикастнопазири миллати тоҷикро халалдор карда натавонист, дар як муддати кутоҳ бо сарварии Пешвои миллат аз уҳдаи ҳадафҳои стратегии дар пеш ниҳодаашон баромада тавонистем.
Маълум аст, ки замони соҳибистиқлолӣ давраи гузаришу эҳё ва дигаргуниҳои нави ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он таҳаввулоти нав ва заминаҳои созандагию бунёдкорӣ ба миён омаданд. Дар ин раванд Пешвои миллат ҳамчун сарвари сиёсӣ дар баробари эҳёи ваҳдати миллӣ тамоми самтҳои давлатдорӣ – рамзҳои сиёсиро аз нав барқарору эҳё намуда, ба давлатдории нави тоҷикон ҳусни тоза бахшид. Дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияву шаҳрҳои кишварамон боғҳои парчаму нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуданд, ки онҳо самараи соҳибистиқлолии давлат мебошад.
Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик аз 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ таҷлил менамоянд, ки пойбарҷоии ин неъмати бебаҳо аз корнамоӣ, шуҷоатмандӣ, далерӣ ва зиракию ҳушёрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Раҷабализода Самандар,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ
