Боиси ифтихори миллӣ ва сарбаландии ҳар як фарди ҷомеаи тоҷик аст, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой сарфароз гардиданд.
Ин қадрдонӣ нишонаи равшани эътирофи ҷаҳонӣ аз хизматҳои мондагори Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкориҳои дӯстона миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва талошҳои пайвастаи Ӯ барои пойдории сулҳи абадӣ мебошад.
Фонди ҷоиза ин тасмими таърихии худро ба натиҷаҳои фаъолияти роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон вобаста ба таҳкими амният ва суботи минтақа асоснок кардааст. Ҳамзамон бо Пешвои миллат, бо ин ҷоиза Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Жапаров низ қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки ҷоизаи ба номи Лев Толстой ба шахсиятҳое дода мешавад, ки барои пешгирии ҷангҳо, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва бидуни зӯроварӣ, инчунин рушди фаъолияти сулҳҷӯёна саҳми назаррас мегузоранд.
Ин дастоварди муҳими сиёсиву дипломатӣ барои миллати тоҷик мояи ифтихор буда, бори дигар нишон дод, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мавқеи устувори ҷаҳонӣ пайдо намудааст.
Бо эҳтироми самимӣ Пешвои миллатро ба ин дастоварди таърихӣ табрику таҳният гуфта, ба эшон саломатии бардавом ва муваффақиятҳои нав дар роҳи хизмат ба давлат ва миллат орзумандем.

