Кӯмакҳои башардӯстона нишонаи ҳамсоядороии нек ва рамзи ғамхории инсонианд. Тоҷикистон дар лаҳзаҳои душвори ҳаёти мардуми Афғонистон, дар паи заминларзаи шадид, бо изҳори ҳамдардӣ ва дастгирӣ дар паҳлӯи онҳо қарор дорад. Кӯмакҳои башардӯстонаро, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар интиқол ёфт аз ҷониби масъулон хуш пазируфта шуд ва онҳо аз ин иқдоми нек изҳори миннатдорӣ намуданд
