Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раёсати донишгоҳ дар толори китобхона ва Кохи фарҳангии донишгоҳ конференсияи дастурдиҳии таҷрибаомӯзии педагогӣ бо тиштироки васеъи таҷрибаомӯзон баргузор гардид.
Дар рафти конференсия роҳбарони таҷрибаомӯзии факултетҳо, мудирони кафедраҳои методӣ ва мушовирони фаннӣ иштирок доштанд.
Дар конференсия масъалаҳои “Ҳуқуқу уҳдадориҳои донишҷӯён, намунаи ҳуҷатнигории рафти таҷрибаомӯзӣ ва камбудию норасогии рафти таҷрибаомӯзиҳо ва роҳҳои бартарафсозии он” мавриди таҳлил ва баррасии иштирокдорон қарор гирифт.
Маврид ба ёдоварист, ки дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2025-2026 курсҳои 4 ва 5 бо теъдоди 805 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар ба таҷрибаомӯзии педагогӣ сафарбар гардиданд.

