Дар назди кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи диссертатсияи омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Ҳабибуллозода Қурбон Ҳабибулло дар мавзуи «Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрванди ва хусусиятҳои онҳо дар таҳкими плюрализми сиёсӣ (таҷрибаи Тоҷикистон)» баргузор гардид.
Ҷаласа бо сухани Ф. Музафарззода, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа оғоз гардид.
Баъд аз баромади диссертант аз ҷониби иштирокчиён комиссияи экспертӣ баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба мавзуи мазкур баён намуданд.
Дар қисмати хотимавӣ ба диссертант саволҳо пешниҳод гардида, ба саволҳои худ посухҳо гирифтанд.

