Имрӯз дар бинои Парламенти кишвар мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баргузор гардиданд.
Қабл аз оғози мулоқотҳо Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу дар Китоби меҳмонони ифтихории Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соядаст гузошт.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва хайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

