Санаи 15 сентябри соли равон вохӯрии бахши тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо донишҷӯён – истиқоматкунандагони хобгоҳ баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур Нурализода Н, муовини ректор оид ба тарбия, Набизода Э. Қ., мудири шуъбаи тарбия, Каримова С, Очилдиева Ф, кормандони шуъбаи тарбия ва Халилов У., раиси созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Ҷаласаи мазкур бо мақсади риояи низомномаи хобгоҳ, назорати пайваста ҷиҳати тозагии ҳуҷраҳои истиқоматӣ, роҳраву ошхона, истифодаи дӯрусти неруи барқ ва оби ошомиданӣ, интизоми намунавӣ, иштироки фаълолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва даст назадан ба ҳар гуна кирдорҳои номатлуб баргузор гардид.
Баъд аз анҷоми ҷаласа, гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони шуъбаи тарбияи донишгоҳ аз ҳолати тозагии ҳуҷраҳои истиқоматии донишҷӯён, роҳравҳо, ошхонаҳо, ҳаммом, ҳолати дарсомодакунии донишҷӯён аз наздик шиносои намуданд.
Гуфтан мумкин аст, ки аз ҷониби Раёсати донишгоҳ дар дохили хобгоҳ барои шустушӯй, пухтупази хурок, ҷой барои дарстайоркунӣ ва дигар шароитҳои мусоид барои донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Дохили ҳуҷраҳои бо ашёҳои зарури таъмин мебошанд.
Дар асоси нақша – чорабиниҳои шуъбаи тарбияи донишгоҳ дар якҷояги бо садорати факултетҳо пайваста мулоқту вохӯриҳо, викторинаҳои саволу ҷавоб, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмию маърифатӣ баргузор карда мешавад

