Дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суҳбат- вохӯрии Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия, намояндагони шуъбаи тарбия ва донишҷӯёни курсҳои якуми донишгоҳ доир шуд.
Муовини ректор оид ба тарбия донишҷӯёни соли аввали таҳсилро барои аз байни мактабҳои олии кишвар ДДБ ба номи Носири Хусравро интихоб намуданашон изҳори сипос намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд ва дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва рушду нумуи Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро гузоранд.
“Дар донишгоҳ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Заминаи мустаҳками моддӣ-техникӣ ва иқтидори кадрии донишгоҳ имконият медиҳанд, ки шумо донишҷӯёни азиз соҳиби илму дониш ва касбҳои интихобкардаатон гардед. Ҳар яки шуморо зарур аст, ки баҳри аз худ намудани донишҳои замонавӣ кӯшишу ғайрат ба харҷ дода, тартиботи дохилидонишгоҳиро риоя ва супоришҳои омӯзгоронро сари вақт ба иҷро расонед”, – афзуд Н. Нурализода.
Ҳамчунин, дар идомаи суханронӣ ба таври муфассал доир ба масоили таълиму тарбия, ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, иштироки донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, бахусус озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, татбиқи “Бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи илму маориф”, азхудкунии технологияҳои муосир, ширкат дар ҷаъмияти илмии донишҷӯён, тарзи истифодаи дурусти адабиёти илмӣ, риояи либосҳои тавсиявӣ, истифодаи дурусти интернет, аъзо шудан ба китобхонаи донишгоҳ, китобхонаи миллӣ, сафарбар намудани донишҷӯён ба театрҳо, осорхонаҳо, ҷойҳои таърихӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангии донишгоҳ, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъмиятӣ, эҳтироми калонсолон, бахусус, устодону омӯзгорон, одоби муошират ва тартибу интизоми намунавӣ суханронӣ кард.