Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар лаҳза дигаргун гардида, пойдории сулҳу ваҳдатро дар сайёра зери хатар гузошта, тақозо мешавад, ки ин неъмати пурарзиш маҳз тавассути сиёсати сулҳгароёнаи кишварҳо таҳким бахшида шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ, аз ҷумла суханронӣ дар мубоҳисаҳои Иҷлоси 80-уми Маҷмааи Созмони миллали муттаҳид қайд намуданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад. Аз ин рӯ, амалӣ намудани робитаҳо дар самти таҳкими дӯстӣ, пеш аз ҳама ба ҳаёти осоишта ва рушди тамоми кишварҳо мусоидат мекунад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бори дигар диққати ҷомеаи ҷаҳониро роҷеъ ба аҳаммияти қабули қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ҷалб намуда, татбиқи бандҳои ин Барномаро дар шароити мураккабу печидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Сулҳу ваҳдат омили асосии рушди ҷомеа маҳсуб дошта, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин неъмати пурарзиш бештар ниёз дорад. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кишвари мо дар амри дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯзномаи ҷаҳонӣ омодаи ҳамкории муштарак бо кишварҳои шарик ва тамоми давлатҳои аъзои созмони милали муттаҳид мебошад.
Бовар дорем, ки имрӯз ва дар оянда низ пешниҳоду ташаббусҳои ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор дода, ба натиҷаҳои баланд ноил мегарданд.
Сангимурод ШАРИПОВ,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав
