Имрӯз дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи Раҷабализода Самандар, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ю дар мавзуи “Нақши иттиҳодияҳои хонандагон ва донишҷӯён дар раванди татбиқи сиёсати ҷавонон: ҳолат ва дурнамо”, зери роҳбарии Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, доктори илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ пешбинӣ шудааст.
