СИМОИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ
ДАР «ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР»-И ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такмилу иловаҳои нав бознашр гардидани китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Президенти кишварамон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли соҳибватанон, бахусус аҳли зиё, ҳадяи нодир ва падидаи фарҳбахшест. Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолӣ арҷ гузоштан ба дастовардҳои зеҳниву ахлоқӣ, муаррифӣ намудани фаъолияти олимону донишмандон ва шахсиятҳои бузурги фарҳангию таърихии миллатамон зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, дар ин росто, пеш аз ҳама, ташаббус ва заҳматҳои Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон басо арзишманду бебадал ва шоистаи таҳсину такрими бештаре аст.
Аз ҷумлаи шахсиятҳое, ки дар китоби мазкур мавриди омӯзиши вижаи муаллиф қарор гирифта, зимни мақолаи «Пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо» ба таври шоиста таҳқиқу арзёбӣ гардидааст, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мебошад. Бояд иқрор кард, ки жарфои диду бозёфтҳои муаллиф перомуни шахсият ва олами андешаи Ҷалолуддини Балхӣ басо фаррохтар аз зеҳну тавони мо буда, ақидае ба мо ҷуръат эҳдо месозад, ки шояд баъди ошноӣ бо ин баррасии иҷмолӣ донишмандони тавонмандтаре ба омӯзиши амиқи масъалаи мазкур таваҷҷуҳ намуда, тадриҷан костагиҳои андешаҳои моро такмил хоҳанд дод. Тавре Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ин маврид мефармоянд: «Ақлро мар ақлҳо ёрӣ диҳанд».
Мусаллам аст, ки дар олами илму адаб ва фарҳангу ҳунар теъдоди шоирону ҳунрмандоне, ки рисолати созандагӣ ва паёмовариро бунёдгузор бошанд, ангуштшуморанд. Агар аз миёни адибони классики тоҷик бихоҳем, ки ба унвони намуна чандеро ёдоварӣ намоем, ки исмашон дар ҳавзаи адабии ҷаҳон шинохта шуда, бо шеъру ҳикмат ва тафаккури созанда барои таъриху адабиёт, фарҳангу маънавиёт ва расму русуми башарият таъсири мондагор гузоштаанд, бешак яке аз онҳо Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ аст. Аз ин ҷост, ки дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Эмомалӣ Раҳмон симои Ҷалолуддини Балхӣ ҷилваҳои хоссаеро касб намудааст, ки метавон бархе аз онҳоро ойинадорӣ кард.
Шахсияти машҳуру маҳбуби ҷаҳонӣ. Нахуст аз нигоштаи муаллиф дарк мешавад, ки ӯ ҳамчун як меросбари ганҷинаи маънавии ниёгон аз маҳбубият, назми оламгир, хираду инсонпарварӣ ва шахсияти мутабаҳҳиру нотакрори Мавлоно ифтихорманд аст: «Орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд».
Воқеан, Ҷалолуддини Балхӣ тавонистааст андешаҳои маърифатомӯз ва ғояҳои инсонпарваронаи хешро тавассути каломи мавзуну мурассаъ бар ақсои олам интишор дода, ба ин васила дар радифи бузургтарин инсонҳои ҷаҳонӣ мавқеъ пайдо намояд.
Мубаллиғи сулҳу ваҳдат. Мусаллам аст, ки авзои замон ва зиндагии иҷтимоии мардум ба руҳияи эҷодкорон ва мундариҷаи осори онҳо бетаъсир намемонад. Даврони зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Ҷалолуддини Балхӣ ба пурваҳшаттарин таърихи мардуми форсизабон мувофиқ омадааст. Албатта, ҳодисаҳои мудҳишу ҳавлангез ва хисороту харобиҳое, ки тохтутози муғулҳо ба сари мардум, аз ҷумла аҳли Хуросон ва навоҳии атрофи он оварда, боиси аз равнақ мондани илму ҳунар, хору залил гардидани олимону донишмандон ва заифии ақлониву ахлоқии ҷомеа гашта буданд, ба руҳияву зеҳни мутафаккир ва орифи бузурге чун Мавлоно сахт таъсир доштааст. «Ҷалолуддини Балхӣ ҳанӯз аз даврони кӯдакияш шоҳиди ҷангу ҷидолҳои мухталиф будааст ва табиист, ки ин наметавонист ба эҷодиёти ӯ бетаъсир бимонад. Аз ин рӯ, руҳияи зиддиҷангӣ ва муқобилият бар зӯроварӣ ба тамоми ҷанбаҳои таълимоти мутафаккир хос аст». Аз ҳамин ҷост, ки Мавлоно ҳамчун паёмовари ваҳдату ягонагии баннӣ одам аз неруи созандаи сухан баҳри ҳамдилӣ, гиромидошти якдигар ва пайванди халқу миллатҳои мухталифмазҳабу гуногунзабони дунё суд ҷӯста, бо ашъори дилпазиру таровишҳои меҳрбори хомааш қалби толибону муштоқони олами маърифатро тасхир намуда, дарахти дӯстиро шодоб гардонидааст.
Орифи шоир. Замони зиндагии Ҷалолуддини Балхӣ ба давроне рост меояд, ки афкори ирфонӣ қуввати бисёр дошту тасаввуф ривоҷи рӯзафзун меёфт. «Пӯшида нест, ки масъалаҳои дарёфти ҳақиқат, ишқи Илоҳӣ ва амсоли он дар эҷодиёти мутафаккир, хусусан дар саҳифаҳои «Маснавӣ», мақоми беандоза бузургеро доранд».
Гарчанде «ирфон мактаби ишқи Худо ва тавҳиди зоти Ҳақ» эътироф шуда, гӯё «мавзуи асосии ҳар як шеъри ирфонӣ қаблан пешбинӣ гардидааст ва дар он ҷуз тавҳид ва ё ваҳдати вуҷуд чизи дигаре наметавонад суруда шавад», вале гуфтан зарур аст, ки ғояи асосии тасаввуфи исломиро бузургдошти инсон, арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавии ӯ ва эътирофи қадру манзалати ашхос дар ҳаёту ҷомеа ташкил медиҳад. Ин нукта дар суханони зерини орифи машҳур Шамси Табрезӣ равшан мунъакис гардидааст: «Каъба дар миёни олам аст, аҳли олам ҷумла рӯ ба ӯ кунанд, чу ин Каъбаро бардорӣ, саҷдаи эшон ба сӯи ҳамдигар бошад».
Албатта, маърифати тамоми ҳаводиси табиат ба инсон тавассути неруи ақлу эҳсос муяссар мегардад. Ақл ҷавҳари шариф ва комилу бениёз буда, далели бузургворӣ, азамату кибриёӣ ва худогоҳиву хештаншиносии инсон аст. Дар ирфон ақл ҳамчун раҳбару раҳнамоест, ки метавонад насли башарро бо асрори олами моддӣ ошно намуда, ӯро то охирин марзҳои ҷаҳони ҳастӣ бибарад ва зеҳнашро барои дарёфту шинохти олами фаровоқеӣ ва дарёфти ҳақиқат машғул дошта, вуҷуди инсонро баҳри касби осоиши руҳонӣ такон бахшад. «Вақте Мавлоно дар бораи дарёфти ҳақиқат сухан мегӯяд, ӯ инсонро ба таҳқиқи олами ботнии худ водор месозад». Чунонки дар ҳадис омадааст: «Ман арафа нафсаҳу фақад арафа Раббаҳу (Ҳар кӣ худро шинохт, Парвардигори худро мешиносад)». Аз ин ҷост, ки аҳли адабу ирфон аз қадимулайём ба масъалаи худшиносӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамуданд. Инсон ба василаи худшиносӣ, ки чун зуҳуроти азалият манзур мегардад, маърифати Худоро касб менамояд. Мавлоно худшиносиро нахустин заминаи худошиносӣ медонад. «Ин маъниҳо имкон медиҳад таъкид созем, ки ирфони Мавлоно дар баландтарин нуқтаҳояш ҳам боз ба инсону ниёзмандиҳои ӯ алоқаманд аст ва аз воқеияти рӯзгори башар гусастагие надорад. Худшиносӣ, расидан ба дарёфти ҳувияти хеш ва умуман, ба ҳувияти инсон масъалаҳоеанд, ки то ҳол ҳам аҳамияти амалии худро аз даст надодаанд».
Донишманди некрой. Масъалаи некиву накукорӣ аз диди Мавлоно болотару волотар аз ҳама шаҳомату ҷоҳи дунявӣ буда, «некӣ, ки аз рӯйи таълимот ӯ дар ниҳоди инсон фитрии модарзод аст, бояд дар ҳар сурате бар бадӣ, ки дар рафти ҳаёти иҷтимоии инсон ба вуҷуд меояд, ғалаба кунад». Ин андешаҳои Мавлоно, ки аз замири неки ӯ дарак медиҳанд, дар ҳама давру замон корбурди ҳаётӣ дошта, на танҳо дар такомули ахлоқи шогирдону ихлосмандони ҳамзамонаш, балки дар рушди маданияту маърифати ахлоқии насли башар ва бартараф гардонидани костагии маънавӣ ва заифии ақлонии ҷомеа то имрӯз мақоми чашмрасе доранд.
Пандомӯзи аҳли башар. Мусаллам аст, ки мақсад аз офариниши ҳар навъ осори адабӣ, пеш аз ҳама, тарбияи насли башар буда, дар меҳвари асосии он симои инсон ва роҳҳои ташаккули шахсияти ӯ меистад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ низ ба мисли дигар адибону орифон моҳияти ҳастии инсон ва камоли маънавии ӯро дар маркази эҷодиёти худ қарор дода, тамоми қудрати ақлонии худро баҳри баёни андешаҳое вобаста ба роҳнамоии инсон дар зиндагӣ ва дарки маърифату рисолати инсонӣ равона намудааст. Мавлоно, ки аз ҷавҳари тасаввуфи исломӣ, яъне улуми шариату тариқат бархӯрдор буд ва ба таълиму иршоди шогирдону муридон ҳамбастагӣ дошт, ваҳдату ҳамдилиро ягона роҳи ободии даҳр ва саодатмандии аҳли башар дониста, «дар таълимоти худ масъалаи баробарии дину мазҳабҳои гуногун ва дар ин поя мавзуи таҳаммулпазирии динӣ, мазҳабӣ ва қавмиро ба миён гузоштааст». Воқеан, вақте инсон аз мояи мавҷудияту рисолати хеш ва моҳияти ваҳдату ҳамдилии насли башар огоҳ шуд, ахлоқи ношоистае чун кибру ғурур, нажодпарастӣ, ҷоҳталабӣ, тамаъкорӣ, риёву худнамоӣ, ҷангу хунрезӣ ва ҳама гуна палидиҳое, ки маҳсули нафси аммораи ӯянд, тадриҷан нест шуда, вуҷуди ӯ бо хасоилу сифоти ҳамида ороста мегардад, ки албатта, баҳрагирӣ аз ин ғоя барои кулли инсоният, дар ҳама давру замон, манфиатбахш аст.
Зимни ошноӣ ва омӯзиши мавзуи мазкур бори дигар собит мегардад, ки шахсияти Мавлоно симои умумибашарӣ касб намуда, таровишҳои зеҳну андешаи ӯ марзҳои њудудӣ, динӣ, нажодӣ ва забониро убур намуда, инсонпарварӣ ва хирадгароии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон бозгӯ менамояд.
Ҳамин тариқ, китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Эмомалӣ Раҳмон дар шинохту муаррифии шахсият ва ҷойгоҳи олимону донишмандон, адибону эҷодкорон ва дигар чеҳраҳои тобноки таъриху фаҳанг ва сиёсату маънавиёти форс-тоҷик саъйи балеғе ба тақдим расонида, ҳар як фарди солимфикри ҷомеаро водор месозад, ки баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлол, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сартосарии олам саъй варзида, идомабахши кору пайкори аҷдодони пурифтихори хеш бошем.
Маҳмадалиева Муҳаббат,
н.и.ф., дотсент, директори МИТ «Мавлоношиносӣ»-и назди ДДБ ба номи Носири Хусрав
