Иди касбии аҳли маорифи кишвар – рӯзи омӯзгор, ки ҳар сол оғози моҳи октябр дар Тоҷикистони маҳбубамон таҷлил мегардад, дар даврони Истиқлолият мазмуну моҳияти баланд касб намудааст. Ин рӯзи фархунда ҳамасола дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи ихлосу эҳтиром ва қадршиносӣ аз заҳмату фидокориҳои омӯзгорону мураббиён, устодон ҷашн гирифта мешавад.
Сарчашмаи ҳамаи хӯшиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзонанд, ки чандон кори осон нест. Омӯзгор ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии одамон аст. Тавре ки мухандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, омӯзгорон низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзонанд ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Омӯзгоро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Омӯзгор касест, ки хамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.
Яъне, омӯзгор ибратомузест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст. Омӯзгор, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро омӯзгорон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти касби пурифтихори омӯзгорӣ табдил ёбад.
Хушбахт онест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгориро касб кардааст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва шахсест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад.
Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё ҷанбаи муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад.
Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироанамудаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 декабри соли 2022 иброз намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем».
Илму маорифро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо маҳз нақши муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорро омили калидӣ меҳисобад.
Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст.
Дар ҳақиқат, воқеияти имрӯз дар назди муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгор масъалаҳои ҷиддиро пеш мегузорад. Шинохти манфиати миллат, худшиносӣ ва хидмати содиқона дар роҳи пешрафт ва ободии диёр масъулияти омӯзгорро дар назди имрӯзу оянда зиёд месозад. Аз ин лиҳоз танҳо омӯзгор метавонад шахсро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун созад. Маҳз ба инсонсозии омӯзгор такя намудани Пешвои муаззами миллат бояд ҳисси масъулияту ватандӯстиро дар ниҳоди ҳар як омӯзгори кишвар даҳчанд зиёд намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии маорифпарваронаи Пешвои миллат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа, шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Пас месазад, ки омӯзгорону устодон чунин боварие, ки нисбаташон доранд, ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳанд ва бо масъулиятшиносӣ пайваста кӯшиш намоянд, то дар ҳар шароити иҷтимоӣ ва таърихӣ саҳми худро боз ҳам бештар дар рушду пешравии ҷомеа гузоранд. Зеро маҳз шахсияти омӯзгор аст, ки метавонанд бо дониш, тарбия ва намунаи зиндагии худ наслҳои навро ба роҳи дуруст ҳидоят созанд, сатҳи маърифатнокии ҷомеаро боло баранд ва заминаи устувори пешрафтро фароҳам оваранд. Дар ин ҷода пайгирӣ, донишандӯзӣ, навҷӯӣ ва масъулиятшиносии устодон на танҳо омили муваффақияти худи онҳо, балки заминаи боэътимоди тараққиёти ҷомеа низ маҳсуб меёбад.
Ҳамоно рисолати муқаддаси омӯзгор дар он аст, ки бо масъулияту садоқат боварии ҷомеаро ҳифз намуда, дар рушду ташаккули шахсиятҳои барҷаста ва пешрафти кишвар саҳмгузор бошад.
Давлатбекзода Вайсиддин Давлатбек,
муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети педагогика ва варзиш
