Дар ҷаласаи шурои диссертатсионии муштараки 6D.КОА-042 назди Институти химияи ба номи В. И. Никитини АМИТ ва Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ҳимояи Ғафорзода Сулаймони Мусулмон, омӯзгори факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Асосҳои технологии коркарди маъданҳои алюмосликати Тоҷикистон бо усулҳои кислотагӣ ва гудозиш”, зери роҳбарии Мирсаидов Улмас Мирсаидович – доктори илмҳои химия, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муваффақият дифо намуд.
Дисертатсия барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.17.00 – Технологияи химиявӣ (05.17.01 – Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ) ва 02.00.00- Химия (02.00.01 – Химияи ғайриорганикӣ) пешбинӣ шудааст.
