Зери ин унвон имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии тантанавӣ бахшида ба иди касбии “Омӯзгорон” доир гашт.
Чорабинии идона бо сухани табрикотии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ оғоз гардид.
Сипас, қадрдонии омӯзгорону кормандони донишгоҳ бахшида ба иди касбии омӯзгор аз ҷониби Раёсати донишгоҳ доир шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ қироати шеърҳо дар васфи омӯзгор дар иҷрои хонандагони Литсейи назди донишгоҳ ва суруду мусиқиҳои ҷаззоб пешниҳоди иштирочиён гардид.

